Устоди аллома Садриддин Айнӣ (1878-1954) натанҳо дар амри бақову пойдорӣ ва нузҳату шукуфоии забони модарии мо дар садаи сарнавиштсози ХХ, метавон гуфт, нақши ба истилоҳ «калидӣ» дорад, балки фароянди таърихии ба марҳалаи нави рушду такмил ворид шудани забони тоҷикӣ ва ба зуҳур пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ин забон низ бо кору пайкор ва осори мондагори ӯ сахт алоқаманд аст.
Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, ки аз нахустин бунёдгузорони мактаби айнишиносӣ дар Тоҷикистон ва аз бузургтарин устодони ин мактаб эътироф шудааст, роҳу равиши устод Айниро дар забон роҳу равиши бузургони дирӯзу имрӯзи миллат, роҳи пайванд ҷустан ба аслу асолати хеш ва дар маҷмӯъ роҳи раҳоию растагории забони миллӣ аз банди забонҳои бегона ва шоҳроҳи рушду такмили забони модарӣ арзёбӣ намуда, ҳамин ҳақиқатро дар мақолаи «Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист»-и китоби бунёдии «Равшангари бузург» возеҳан таъкид карда буд: «Банда бар онам, ки дар забон бояд аз роҳу равиши устод Айнӣ берун нашавем, ки роҳу равиши бузургони мост. Ин роҳ роҳи пайвандҷӯӣ ба асли худ, ба ҳастии таърихи хеш аст. Ин пайванд набояд лаҳзае қатъ гардад. Ҳар ҷо фосилае миёни Айнӣ ва мо пайдо шудааст, моро аз ҳастии миллии худ дур медорад, монеи ягонагии миллӣ ва худогоҳии таърихии мо хоҳад омад. Ин фосиларо аз миён бояд бардошт. Онгоҳ устод Айнӣ моро бо ҳама гузаштаи мо, бо ҳама бузургони забону адабу фарҳанги бостонии мо пайванд хоҳад дод. Айнӣ пуле миёни мо ва ҳама гузаштаҳост. Роҳи ояндаи мо бо ҳамин пул пайвастааст».
Ин суханони М.Шакурӣ айни воқеият аст. Устоди аллома Садриддини Айнӣ бегумон пули иртибот ва ҳалқаи васл аст, ки дирӯзу имрӯз ва имрӯзу фардои миллати куҳанбунёди тоҷикро ба ҳам пайванд медиҳад. Ин нуқта ҳам шоистаи таъкид аст, ки М.Шакурӣ дар рӯзгори мо фарҳанги сухани тоҷикиро офаридаи зеҳни халлоқи устод Айнӣ ва забони устод Айниро «олитарин намунаи форсии тоҷикии асри мо» ба қалам додааст, ки ҷои ҳеҷ шакку тардид надорад. Дар маҷмӯъ, ширинию шевоӣ, пойдорию устуворӣ ва рушду такмили забони модарии мо дар садаи бист ба номи устод Айнӣ, саъю кӯшиш ва заҳмату талошҳои ҳамвораи ӯ бастагию пайвастагӣ дорад. Аслан таърихи пурифтихор ва ғановати нопайдоканори забони модарии мо бурҳони бебаҳс аст, ки самараву маҳсули меҳнату заҳмати шабонарӯзии фарзандони фарзонаи миллат, чун устод Айнӣ дар тӯли садсолаҳост. Дар тӯли таърих ҳар гоҳ, ки ба забони модарии мо хатари аз даст додани шевоию асолат пеш омадааст, фарзандони шарафманди он ба дифоъи забон бархоста, бо азхудгузаштагию ҷоннисориҳои бемислу монанд ин сафинаи пур аз ганҷи уммеду армони халқро дигарбора саломат ба соҳили мурод расонидаанд. Садаи бисти тӯфонхез ба сари миллати тоҷик ва забони тоҷикӣ азобу кулфати зиёд овард ва ҳастии миллату забони миллатро дар ин рӯзгори сарнавиштсоз зери шубҳа қарор дод. Аз як тараф, бархе ба истилоҳ «зиёиёни маҳаллӣ», ки дар мактабҳои Туркия таҳсил гирифта буданд, қасдан ҳастии миллати тоҷикро дар ватани таърихии онҳо инкор мекарданд, аз тарафи дигар, баъзе шогирдону пайравони онҳо, ки дар давлати навбунёди болшевикӣ ба мақоми раҳбарӣ расида буданд, мубориза бар зидди сохти амириро бо роҳи дасисаву иғво ба мубориза ба муқобили қавми тоҷик ва забони тоҷикӣ табдил доданд ва ба таври ошкор шиор партофтанд: «Нест бод аморати Бухоро! Нест бод забони аморати Бухоро!». Дар чунин рӯзгори душвору буҳронӣ устод Айнӣ рисолати дифоъ аз забону миллатро ба дӯши худ гирифт ва ҷон рӯи каф ба майдони мубориза ворид шуд ва тадриҷан ба пирӯзии комил ноил гардид. Нахустин иқдоми бузурги ӯ дар ин замина тадвини китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» буд, ки соли 1926 дар Маскав ба нашр расид ва аз мавҷудияти миллати бостонии тоҷик ва забону адабиёти бештар аз ҳазорсолаи он дар Осиёи миёна хабар дод. Ҳарчанд бо тавтиаву буҳтони сохта ба душманони забону миллат муяссар гардид, ки соли 1930 ин китобро аз дасти мардум ва дукону китобфурӯшҳо барчида, туъмаи оташ созанд, вай рисолати худро муваффақона иҷро кард ва ба кавли худи устод «пардаи он иғвогаронро даронд ва ба даҳонашон муҳри хомӯшӣ зад». Метавон гуфт, устод Айнӣ ҳамин иқдом, яъне ба мардуми дохилу хориҷ тарғибу муаррифӣ кардани фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ва бузургони забону адабиёти ӯро минбаъд то охири умр идома дод. Асарҳои илмию таҳқиқотии «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ» (1934), «Шайхурраис Абӯалӣ Сино» (1939), «Устод Рӯдакӣ» (1940), «Камоли Хуҷандӣ» (1940), «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ» (1940-1942), «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» (1946), «Мирзо Абдулқодири Бедил» (1954) дар шинохти рӯзгору осори ин бузургон имрӯз ҳам аҳамияти фаровон бархурдоранд. Роҳу равиши устод Айнӣ дар забон асосан нигаҳдошти асолат, покизагӣ ва шириниву шевоии забони модарӣ, ҳамчунин ғаноафзоии забон бо истифода аз имконоти дохилии он аст, ки аз нахустин сурудаҳояш дар замони амирӣ, то таълифи охирин асари бузурги нотамоми ӯ «Ёддоштҳо» (1947-1954) дар даврони Шӯравӣ ба назар мерасад. Дар ҳамин таълифоти устод, аз ҷумла дар чанд байти зер аз шеъре бо номи «Нидо ба ҷавонон», ки дар шумораи 5 маҷаллаи «Ойина» соли 1914 дар Самарқанд ба нашр расидааст, шеваи ифодаи ширину шевои забони классикӣ риоя шудааст:
…Дар саҳифаи рӯзгор аз кас
Номи баду нек монаду бас.
Эй дил, чу гузаштанист айём
Бар хурду бузург кому ноком,
Он беҳ ба замини зиндагонӣ
Тухми амали накӯ фишонӣ.
Аз ғазалҳои тоинқилобии устод Айнӣ низ асолату покизагии забон ва шеваи ширину дилангези ғазали «рӯдакивор»-у «саъдиёна»-ю «ҳилолигуна» ба гӯш мерасад:
Дӯстон, арзи умедам бар нигори ман баред,
Раҳмате бар хотири уммедвори ман баред.
Ё ба ман аз хоки пояш сурмаворе оваред,
Ё маро дар раҳгузори шаҳсавори ман баред.
Ё дар шеъри «Овози тоҷик», ки ба истиқболи нашри рӯзномаи тоҷикии «Овози тоҷик» дар Самарқанд суруда шуда, дар шумораи дувуми ин рӯзнома 4 сентябри соли 1924 ба табъ расидааст, устод аз ҳунару истеъдоди фитрии мардуми тоҷик, дилу дидаи бедор, таърихи пурифтихор, забони гуҳарбор ва ояндаи нусратёри он садои ифтихор баланд кардааст:
Ба парда то ба чандин рози тоҷик?
Биё, биншин, шунав овози тоҷик!
Ба зеҳни софу истеъдоди фитрӣ
Набошад дар ҷаҳон анбози тоҷик.
Суханро чун арӯсон зеб дода
Забони маърифатпардози тоҷик.
Устод Айнӣ равияи тоза кардани забонро, ки аслан аз таълифоти бунёдгузори равияи маъорифпарварии тоҷик Аҳмади Дониш (1826-1897) ибтидо мегирад, дар осори худ ба ваҷҳи неку идома бахшид ва нахустину беҳтарину пуровозатарин ҳикояву повесту романҳои тоҷикӣ, аз қабилӣ «Одина» (1924), «Аҳмади девбанд» (1928), «Дохунда» (1930), «Ғуломон» (1934), «Мактаби куҳна» (1936), «Марги судхӯр» (1936, 1952), «Ятим» (1940), «Ёддоштҳо» (1947-1954) бо қалами сеҳрофари ӯ ба риштаи таҳрир даромаданд. Барои мисол, тасвири Гулнор аз дидгоҳи Ёдгор, ки дар романи «Дохунда» (1930) омадааст, аз беҳтарин намунаҳои нигориши тоҷикӣ дар садаи бист арзёбӣ шудааст. Дар ин тасвир ҳамчунин асаре аз корбасти санъати насри мусаҷҷаъ, ки дар «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ корбурди фаровон дорад, мушоҳида гардида, аз устодии комили муаллиф дар забону баёни тоҷикӣ шаҳодат медиҳад: «Чашми сиёҳи оташбор, мижгони дарози ҷоншикор ва абрӯи каҷи дунболадори ӯ дили ҳар бинандаро аз ҷо мебурд. Қадди навруста, рӯи хуҷиста, зулфи шикаста, абрӯи пайваста- ҳама ба якдигар муносиб, ҳама ба якдигар шинам, ҳама ба якдигар зебанда афтида буданд. Донаҳои ашки алмосгун, ки аз чашмони дурахшонаш ба рӯйи рахшонаш мечакиданд, намуди шабнами саҳариро ба рӯйи гулбарги сурхи таре ҷилва медоданд». Дар мақолаву тақризҳои устод Айнӣ «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ» («Роҳбари дониш», 1928, №4-5), «Забони тоҷикӣ» («Роҳбари дониш», 1928, №11-12), «Китобҳои тоҷикӣ» («Овози тоҷик», июн-августи 1926), «Сарфу наҳви забони тоҷикӣ» («Овози тоҷик», 16 августи 1926) ва ғайра низ дар баробари масоили содагию покизагии забон масъалаҳои марбут ба таърихи забони тоҷикӣ, вежагиву махсусият ва доираи имконоти ин забон дар баёни матолиби илмию ғайриилмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Як ҷанбаи дигари бисёр муҳимми фаъолияти устод Айниро фарҳангнигорӣ ва луғатнависии тоҷикӣ ташкил медиҳад. Ба баёни дигар, устод Айнӣ ҳамчунин аз устодони бузурги мактаби амалии фарҳангнигорӣ ва луғатнависии тоҷик ба ҳисоб меравад. Устод Айнӣ моҳи июли соли 1938 «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»-ро навишта ба анҷом расонд, ки нусхаи асли он дар он рӯзгори сахти таъқибу террор зоҳиран аз байн рафтааст. Моҳи апрели соли 1939 донишманди маъруф Евгений Эдуардович Бертелс (1890-1957) дар як номаи самимонаи худ ба устод Айнӣ ин луғатро «шоҳкор» ба қалам дода, таъкид карда буд, ки «ин китоб ганҷинаест, аз ҷавоҳири гаронбаҳои моломол, як асарест, ки ҳазорон мардум метавонанд солҳои дароз аз он истифода кунанд». Зимнан профессор Е.Бертлес, ки луғати мазкур соли 1939 аз тарафи шуъбаи Ленинградии нашриёт барои таҳрир ба вай супурда шуда буд, дар номаи худ ба устод Айнӣ ишора ба он дорад, ки «дар луғати Шумо бо он ҳама сарват, ки дорои он аст, калимаҳои советӣ ва интернатсионалӣ ҳеҷ ёфта намешавад. Агарчи ман шояд сабабашро мефаҳмам, вале метарсам, ки агар ин китоб дар ҳамин шакли ҳозирааш аз чоп барояд, баъзе танқидчиёни мӯшикоф як ҳойҳуйе хоҳанд баровард, ки он сараш нопайдо хоҳад буд. Хоҳанд гуфт, ки Шумо мухолифи дохил кардани чунин калимаҳо дар забони адабии тоҷик ҳастед ва дигар ҳамин хел музахрафот. Агарчи Шумо, албатта, метавонед ба чунин танқид чунон як ҷавоби қатъӣ бидиҳед, вале ба назарам аз ин қисм гуфтугӯҳо ҳеҷ касро хушаш намеояд». Бино бар ин, ба устод Айнӣ тавсия медиҳад, ки мо метавонем бо ризояти Шумо ба як мутахассис супориш диҳем, муҳимтарин ислоҳот ва луғатҳои сиёсии русиро бо шарҳи онҳо интихоб кунад. Баъдан «як мутарҷими забардаст аз қабили Улуғзода» ҳамаи ин луғатҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷима кунад. Баъдан ҳамаи ин калимаҳо ба Шумо фиристода хоҳад шуд ва бо савобдиди Шумо ба китоб илова карда мешавад. Вале устод Айнӣ ин дархостро дар хусуси ба луғат ворид кардани «калимаҳои советӣ ва интернатсионалӣ» напазируфт ва ин луғат дар рӯзгори зиндагии ӯ дигар ба нашр нарасид. Танҳо соли 1976 бо саъю эҳтимоми Камол Айнӣ ва Ҳафиз Рауфов дар заминаи нусхаи дувум ва дигар баъзе мусаввадаҳои устод ин луғат барқарор ва ба сифати ҷилди 12 Қуллиёти устод Айнӣ ба нашр расид. Донишманди шинохта Раҳим Ҳошим, ки луғати нимтафсилии устод Айнӣ зери таҳрири ӯ ба нашр расид, бо таваҷҷуҳ ба матолиби ин луғатнома ба чунин хулоса омадааст, ки «Айнӣ фақат луғатдон набуда, балки пеш аз ҳама луғатшиносе мебошад, ки ба нозукиҳои калима, ба тобишҳои гуногуни он, ба мавқеи истеъмоли он дар забони адабӣ ва халқӣ диққат ва аҳамияти калон медиҳад». Фаъолияти устод Айнӣ дар таҳрири «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1940) низ муассир арзёбӣ шудааст. Бояд таъкид кард. ки марҳалаҳои аввалу мобайни зиндагию эҷоди устод Айнӣ нахуст ба рӯзгори душвори тираву тори амирӣ ва баъдан ба давраи зуҳур ва рӯйи кор омадани пантуркизми тоҷикситези қудратталаб ва болшевизми ҷангҷӯйи нестангормусодиф омад. Аз ин хотир, пайи панҷаи бераҳми замон, ки дар забон ва ифодаву баёни бархе аз навиштаҳои устод, бахусу дар мақолаҳои публистистии ӯ ҷо-ҷо ба дид меояд, паёмади ҳамон падида ва зуҳуроти номатлуби асолатзудост, ки хушбахтона ғолибан ба истифодаи калимаву истилоҳоти ҷудогона маҳдуд мегардад ва ба сохти дастурии забон чандон нақши таъсиргузор надорад. Садриддин Айнӣ бегумон бузургтарин устоди забони тоҷикӣ дар садаи бист аст, ки забони осори ӯ заминаи забони адабии ҳозираи тоҷикӣ қарор гирифтааст. Сеҳри сухан ва қудрати баёни устод Айнӣ ба ҳаддест, ки бино бар зарурат бо андак талхис ва дигаргунӣ аз қавли пешиниён сурудаҳое сохтааст, ки сурудаҳои аслро зери сояи худ қарор додаанд. Масалан, Мавлоно Ҷомӣ дар як ғазали худ, ки бо ҳусни матлаи
Дил хуну ҷон фигору ҷигар решу сина чок,
Ҳам худ бигӯй: Чун накашам оҳи дарднок?
оғоз мешавад, чунин як байтулғазали ошиқонаи зебову дилнишин дорад:
Атри кафан зи хоки дарат кардам орзу,
Охир, бубин, ки мебарам ин орзу ба хок.
Устод Айнӣ дар фарҷоми китоби маъруфи адабию таърихии худ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» (1944), ки ба хотири бедор кардани рӯҳияи ватанхоҳии сарбозони тоҷик дар ҷабҳаҳои Ҷанги дувуми ҷаҳон таълиф кардааст, он ҷо, ки аз кушта шудани Темурмалик ва дарёфти васиятнома бо як каф хок аз миёнбанди ӯ ҳикоят мекунад, тасвири мухтасари ҷолибу хотирмони ватанхоҳӣ ва истиқлолталабиро дар либоси назму наср пеши назари хонанда ба ҷилва овардааст: «Дар миёнбанди Темурмалик (хуҷандиён-К.А.) халтачае ёфтанд, ки дар вай як каф хок ва як парча коғази хатнокбуд: «Эй он ки мурдаи ман ба дастат меафтад, агар некхоҳи одамон ва ватандӯст бошӣ, маро бо ин як каф хок гӯрон, ки ин ёдгори ватани азизи ман аст!».
Дар охири хат ин байт ҳам буд:
Атри кафан зи хоки Ватан кардам орзу,
Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок».
Чунонки ба мушоҳида мерасад, устод Айнӣ бо андак таҳрир, бахусус бо табдили ибораи «хоки дарат» ба ибораи «хоки Ватан» аз байти ошиқонаи Мавлоно Ҷомӣ байти олии мутантани ватанхоҳӣ офаридааст, ки дар байни мардум нисбат ба байти асл эътибору маҳбубияти бештар пайдо кардааст ва ҳанӯз вирди забонҳост. Ҳосили сухан, устод Айнӣ дар таъмини бақои ҳастии миллати тоҷик ва забони тоҷикӣ дар рӯзгори буҳронӣ ва тӯфонхези садаи бист саҳми беназир дорад ва ҳамин ҳақиқат дар сурудаи зерини воқеъбинонаи шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир ба таври равшану возеҳ баён шудааст:
Умри Айнӣ аз барои халқ сарфаи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Ин замин бо ӯ ба дунёе баробар мешавад…
То ба Айнӣ шоирон танҳо ба танҳо хондаанд,
Ӯ суруди инқилоби халқро бо халқ хонд.
То ба ӯ аз шоирон девону дафтар мондааст,
Ӯ ба мо девону дафтар, ҳам Ватан, ҳам халқ монд.
Ҳасани Султон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>