Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мафҳуми Ватан ва номуси ватандорӣ

823

Аз эҷодиёти даҳанакии халқи мо (фолклор) ва эҷоди адибони классику муосири тоҷик агар мавриди сурудаҳо ва навиштаву андешаҳо ва кулли осори онҳоро дар васфи Ватан ва ватадӯстӣ дар як китоби мукаммал гирд меовардем, шояд аз рӯи ҳаҷм дар дунё калонтарин китоб мешуду барои миллати мо дӯстдоштатарин асар! Вале бо вуҷуде, ки аз он сарояндаҳои «Васфи Ватан» умре сипосгузорем ва ҳар чизе ҳам, ки дар васфи Ватан аз рӯи баландтарин муҳаббат суруда бошанд, ҳанӯз гӯё пеши ин вожаи «сарвожаҳои дӯстдоштатарин» кам асту ба мисле «ҷавоб нисбати Ватан пурра нашудааст», азбаски Ватан бузурги он ҳама бузургҳост!!!...

Дар қомуси шӯравии тоҷик, яъне Энсиклопедияи советии тоҷик (с. 1978) вожаи Ватан чунин шарҳ дода шудааст, ки мо низ ба он мувофиқем:
Ватан-(зодгоҳ, ҷои нашъунамо), 1) диёр, кишвар, мамлакат ва сарзамине, ки кас дар он таваллуд шудааст; 2) сарзамине, ки бо сарватҳои табиӣ, аҳолӣ, сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, хусусиятҳои забон, фарҳанг, урфу одат ба соҳибватанон таърихан тааллуқ доранд.
Ҳоҷати шарҳу баёни ин андешаҳо нест, азбаски ҳамин тавр аст! Боз дар давоми шарҳи ин вожа ва мушаххасан мафҳуми «Ватандӯстӣ» дар Энсиклопедияи советии тоҷик омадааст:
Мафҳуми Ватан аз бомгӯшаи ҳар як шаҳрванди мо то тамоми хоки Тоҷикистонро фаро мегирад. Ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи вай хизмат кардан, нишонаҳои Ватан дар ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шудаанд. Бо мурури замон ҳисси дилбастагӣ ба замин ва забони худ бо дарки вазифаҳои шаҳрвандӣ дар назди ҷамъият пайваст гардид. Кӯшиши одамон барои инкишофи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани худ, ҳифзи он аз истилогарони хориҷӣ нишонаи барҷастаи Ватан аст. Пас аз ин андеша амиқтар дарёфтем, ки «Модар-Ватан» беҳуда намегуфтаанд. Охир, Модар Ватан будааст, Ватан Модар!! Модар моро дар ҳамин Ватан ба дунё тавлид мекунад ва ҳамин Ватан будааст, ки Модар дар инҷо ба дунё омада…
Агар ки зодгоҳи мо будааст Ватан, пас он бузургу муқаддас нест?! Бузургу беҳамтост, зеро: дар он ҷо падару модар, бародару хоҳар, хешу ақрабо, ёру дӯст ҳамроҳи мо умр ба сар мебаранду сарфарозу хушем, ки миёни ин ҳама «ивазнашавандаҳо» ба камол мерасем. Бузургиаш ҳадду канор надорад барои он ки: забони гуфтори мо (тоҷикӣ) маҳз дар ҳамин ҷо «ҷон» мегираду «қудрат меёбад», расму русуми ниёконамонро меомӯзем, аз боигариҳои табииаш истифода ва лаззат мебарем. Пас, чӣ метавонад дар баробари Ватан бузургтар бошад, ки «ин ҳамаро» барои мо аз он беҳтару хубтар ато карда тавонад?!...
Втандӯстӣ чисту ватандӯсти асил кист?! Ин суол махз имрӯз бештар мақому муҳим аст, ки давлати соҳибистиқлолем ва пешравию қудратмандии давлатамон аз ҳар яки мо вобаста аст, ки чӣ сон ба дарки ин мафҳум расидаем ва масъулиятро пеши Ватани ҷоноҷон эҳсос мекунем. Рӯшан аст, ки: на он касе, ки танҳо манфиати худро дида, кораш сарам-дилам аст, ватандӯст аст. Дар ин баробар: духтуре, ки барои каме табобат, аз бемор маблағи зиёд талаб мекунад, на ватандӯст буда метавонад ва на вориси арзандаи Синои бузург аст. Ӯ танҳо «қасамзадаи пешаи худ аст»-у мардум эҳтиромаш нахоҳад кард. Духтурони дасти пок дошта ва шифобахшанда бо садоқат ба савганди касбии худ ҳам зиёд дорем, ки онҳоро меҳри Ватан «ғолиб» аст ва имрӯз дар чунин шароити вазнин, мубориза бо вабои аср коронавирус дар сафи пеш буда, онҳо ба таври шабонарӯзӣ барои табобати маризон саҳми назарраси хешро гузошта истодаанд ва баҳри солимии аҳолӣ ҳафтаҳо аз оилаву хонаҳои худ дуранд.
Мо он навҷавононеро ватандӯсти асил меҳисобем, ки бо амри дили хеш ба хизмати Модар-Ватан мераванд, посбонии Ватанро қарзи фарзандии хеш меҳисобанд. Ватан бошад бо ин ҷавонмардонаш ифтихор дорад!! Агар аз хизмати аскарӣ саркашӣ карда, дар ғарибиҳо аробакаширо авлотар биҳисобем, моро ватандӯст намеҳисобанд, тарсуву ватанбезор унвони мост! Магар ҳар чизи дигареро аз Ватан дида бештар дӯст медорем?! «Дӯстмедоштаҳои» мо бешуморанд, вале ин ҳама «пас аз дӯстдории Ватан қарор доранд»… Агарки падару модари худро чун Ватан дӯст медоштаем, пас ин ҳама ватандӯстист!! Падару модари мо дар ҳамин Ватан ба дунё омадаанд ва ин Ватан аввал аз мо Ватани онҳо буд, ки имрӯз Ватани ҳамаи хонадони мо ва миллати мост!!
Барҳақ, ватанпарвару миллатдӯсти асил касе буда метавонад, ки:
- дар ҳама ҷо ва ҳамеша эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дорад. Яъне, эҳтиром ба забон, фарҳанг, Нишон, Суруди миллӣ, Парчами Ватан;
- ба арзишҳои маънавии миллат арҷ мегузорад;..
- ба гузаштаи пурифтихори хеш такя карда, аз панду андарзи ниёгон сабақ мегирад;
- ватанхоҳӣ мояи зиндагиаш буда, дар ҳар кунҷу канори даҳр сано бар миллату ватани хеш мегӯянд;…
- истиқлолияти Ватанро бузургтарин дастоварди зиндагии хеш шумурда, барои пойдорӣ ва мустаҳкамии истиқлоли Ватан хизмати содиқонаро пеша мекунад;
- дар тарбияи ватандӯстӣ саҳм гузошта, ҷавононро дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ташвиқу раҳнамунӣ мекунад;
- нисбати тақдиру сарнавишти миллату ватани хеш бетафовут набуда, барои нуфузи бештари миллати сарбаландаш сарбаландона кор мекунад;
- барояш дастоварди Ватан дастоварди худ аст ва агар «хоре аз ватан хазон гардад» баҳраш чораи даво меҷуяд…
- саодати ҳамватанаш-саодати ӯст, баҳри обрӯву эътибори ТОҶИК, ки ҳамватану ҳаммиллаташ аст, камари хешро сахттар мебандад;..
- бузургтар аз Ватан дар дунё чизи дигаре надорад ва Тоҷикистонро азизу ягона медонад (Тоҷик ҳама ҷо, Тоҷикистон якто!!)…
Барои он ки давлатамон қудратманду пешрафта ва зиндагии мардумамон беҳтар бигардад, бибояд аввалтар аз ҳама ватандӯст бошем, ҳама кунҷу канори Тоҷикистон баробар бароямон азизу муқаддас бошад, ба қадри забонамон бирасем ва дар ҳама ҷо ҷойгоҳашро болотар аз ҳама интихоб бикунем, агар аскарему афсар тайёрии хуби касбӣ ва омодагии баланди ҷангӣ дошта бошему ба фармони Ватан тайёр… Духтурем; саломатии фарзандони ин диёрро дар мадди аввал гузорем, муҳандисем аз ихтироъ фаромӯш насозем, рӯзноманигори воқеием ҳар навиштаи мо «пур аз Ватан» бошад, яъне ҳар кадоми мо дар ҷодаи хеш содиқона хизмат бикунем. Агар амаламон ҳаррӯза ин гуна бошад-ба нафъи Ватан-ватандӯсти асилем ва Тоҷикистонамон ҳам гул-гул мешукуфад!!..
Ватандӯстони асил дар Ватани мо садҳазорҳо ва шояд миллионҳо бошанд, вале аз рӯи виҷдон ва ҳақиқат пешоҳангони ин раванди муҳим ва тақдирсоз дар садаҳои охир ва навини мо фарзандони фарзонаи миллат, Қаҳрамонони барҳаки Тоҷикистон: Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур мебошанд, ки кору пайкори онҳо барои бақоми миллат ва давлати тоҷикон бориз буда, исмашон дар саҳафоти рангини миллат бо хатҳои заррин сабт гардидааст. Метавон ин афродро ватандӯстони асил биҳисобид ва ватандӯстиву муҳаббат ба Ватанро аз онҳо омӯхт…
Президенти мамлакат, фарзанди арзандаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар вохӯрӣ ва суханрониашон дар ҳар куҷое аз ин Ватани маҳбуб -Тоҷикистон қарор надошта бошанд, бо самимияти беҳамто аз дӯстдории Ватан сухан карда, моро ба худшиносӣ, ифтихор аз ин Ватан ва садоқат ба он ҳидоят мекунанд. Аз ин андешаҳои садоқатмандона рӯшан ҳувайдо мегардад, ки Сарвари давлати мо то чи андоза Ватану миллаташро дӯст медоштааст. Ҳамду сано ба чунин фарзанди арзандаи миллат, Президенти кишвари соҳибистиқлоли мо - Тоҷикистони озоду обод!!!
Аминем, ки миллати мо дар садаи навин фарзандони фарзонаи рӯшанзамирро ба олам тавлид ва ба камол мерасонанд ва онҳо кору пайкори падарону гузаштагони сарбаланди хешро идома дода, давлати моро боз ҳам пуриқтидортар мекунанд.
Ва:

Ватан ишқи ту ифтихорам
Ватан дар раҳат ҷон супорам!...

- суруди дӯстдошта ва ҳамешагии ҳар ватандӯсти асил хоҳад шуд!!...
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика