Ҳаким Абулқосим Мансур ибни Ҳасани Фирдавсӣ бузургтарин суханвари ҳамосасарои форсу тоҷик буда, дар саҳифаҳои таърихи миллати мо бо «Шоҳнома»-и безаволаш ҷовидони сабт шудааст. Сарчашмаҳои қадимтарине, ки дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ маълумоти як андоза мукаммал ва судманд медиҳанд «Лубобу-л-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ ва «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ мебошанд. Дар ин сарчашмаҳо муҳимтарин масъалаҳои рӯзгор ва фаъолияти адабии шоир баён шуда, минбаъд дар аксари китобу ҷунгҳо он иттилоот такрор омадааст. Мусаллам аст, ки «Шоҳнома» аз ҷониби муҳаққиқони соҳаи таъриху адабиёт, фалсафа, педагогика ва илмҳои дигар таи садсолаҳо мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз арзиши беназири он дар ҳамаи соҳаҳои илм сухан рафтааст. Воқеан ин асар чи аз лиҳози мазмуну мундариҷа ва чи аз лиҳози азамати зоҳириву шаҳомат дар тамоми олам беназир аст. Ин аст, ки «Шоҳнома» ба даҳҳо забони халқу қавмиятҳои олам тарҷума шуда, перомуни он садҳо асарҳои илмӣ ва фарҳангу донишномаҳо иншо гардидаанд. Дар марказҳои илмии ховаршиносии ҷаҳон ин асар аз паҳлӯҳои мухталиф омӯхта шуда, ҳамчун шоҳасари мумтоз ва нотакрори олам дониста шудааст. Оид ба арзиши ахлоқиву тарбиявии «Шоҳнома» дар тӯли мавҷудияти ин шоҳасар муҳаққиқон фикру назари гуногунро баён намуда, дар тарбияи инсоният афкору андеша ва пешниҳодҳои Фирдавсиро пурарзиш қаламдод кардаанд. Муҳаққиқи номвари тоҷик Абдулманнони Насриддин дар мақолаи худ «Фирдавсӣ» менависад: «Шоҳнома» танҳо баёнгари таърихи шоҳони пешдодию каёнӣ, ашконию сосонӣ ва хонадонҳои дигари мулки Аҷам нест. «Шоҳнома» донишномаи ҳикмату ахлоқ, базму рамз, фарҳангу тамаддун, расму оин, асотиру таърих ва анвои илму ҳунар мебошад…». Масъалаи ахлоқ ва тарбияи инсон дар меҳвари шоҳасари Фирдавсии Тӯсӣ қарор дорад. Қариб дар ҳар саҳифаи ин китоб абёти пандомез ба назар мерасанд, ки «Шоҳнома»-ро ҳамчун асари аҳлоқӣ, ганҷинаи бебаҳои хирад, дастури фазилату дониш муаррифӣ мекунанд. Аз ин ҷост, ки дар тӯли мавҷудияти худ аз ин асари ҷаҳони ба забонҳои мухталиф абёти ҳакимона баргузида шуда, мавриди истифодаи хонандагон қарор гирифтаанд. Баробари ошно гардидан бо абёти ҳакимона ва ахлоқии шоир метавон назарияи Фирдавсиро дар мавриди тарбият ва таълим мушаххас намуд. Ба ибораи дигар, шоир дар ҷодаи тарбият назари худро дорад ва дигаронро низ бар он талқин менамояд, ки ба ин масъала бетараф набошанд. Дар тарбияи фарзанд донишу илм аз қадимулайём мақоми хосса дошта, сарчашмаи саодати инсониятро аз илм ва маърифати баланд медонистанд. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ин масъала дар меҳвари андешаҳои таълимиву тарбиявии шоир қарор дорад ва он ҳамчун муқаддасоти маънавӣ ситуда мешавад. Абулқосим Фирдавсӣ нобарориҳои зиндагии қаҳрамононашро маҳз дар маърифати пасту дониши нокифоя медид ва вожаи «хирад» дар «Шоҳнома» ифодагари ҳамин илму дониш мебошад. Ҳанӯз дар оғози китоб устоди тӯсӣ мефармояд:
Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Яъне ба андешаи шоир қудрату тавоноии инсон дар илму дониш аст ва гузашта аз ин, шоир бар он назар аст, ки омӯзишу таҳқиқ ранҷи пайвастаро мехоҳад ва як лаҳза дурӣ аз омӯзиш инсонро аз рушд бозмедорад:
Маёсой аз омӯхтан як замон,
Зи дониш маяфкан дил андар гумон.
Ё худ:
Зи ҳар донише чун сухан бишнавӣ,
Зи омӯхтан як замон нағнавӣ.
Фирдавсӣ донишро меҳвари тарбия медонад ва талқин мекунад, ки хирад ва дониш раҳнамои инсон бояд бошад. Дар афкору ақидаҳои педагогии Фирдавсӣ масъалаи омӯхтани касбу ҳунар мавқеи назаррасеро ишғол менамояд. Ба ақидаи ӯ, сарчашмаи хушбахтии инсон дар баробари андӯхтани дониш омӯхтани касбу ҳунар мебошад:
Ҳунар ҷӯю бо марди доно нишин,
Чу хоҳӣ, ки ёбӣ зи бахт офарин.
Шоир дар ин равнд, яъне дар ҷодаи омӯзиши илму ҳунар коҳиливу танбалӣ ва танпарвариро маҳкум менамояд ва инсониятро ба меҳнату меҳнатдӯстӣ талқин менамояд:
Касеро, ки коҳил бувад ганҷ нест,
Ки андар ҷаҳон суди беранҷ нест.
Ҳама коҳилии кас аз баддилист,
Ҳам овоз бо баддилӣ коҳилист.
Махсусан аз назари шоир коҳилӣ дар айёми ҷавонӣ зарарнок ва поёни хуш надорад:
Чу коҳил бувад марди барно ба кор,
Аз ӯ сер гардад дили рӯзгор.
Дар ҷодаи тарбият ахлоқ ҳамчун як навъи шуури ҷомеа аз қадимулайём таҷрибаи тӯлонии муносибати байни одамонро ҷамъбаст менамояд. Дар баробари ин, ахлоқ шахсияти одамонро ташаккул медиҳад ва ба рӯзгори мардум таъсири худро мегузорад. Фирдавсӣ низ нисбати ин масъалаи ҳаётӣ бетараф нест ва тарбияи хусусиятҳои ахлоқиро дар кӯдакону ҷавонон кори савоб ҳисоб намуда, дар баробари ин, сифатҳои пасти ахлоқиро аз қабили бадӣ, ситамкорӣ, чизпарастӣ, пурхӯрӣ, айбҷӯӣ, пургӯӣ, бешармӣ, таънакорӣ, бахилӣ, суханчинӣ ва ғайра ба зери тозиёнаи танқид гирифта, мазаммат кардааст. Чунончи:
Кӣ гӯяд, ки кажжӣ беҳ аз ростӣ?
Чаро дил ба кажжӣ биёростӣ?
Ё:
Машав ёвари марди паймоншикан ,
Ки паймоншикан кас наярзад кафан.
Ё:
Ба камтар хӯриш бас кун аз хӯрданӣ,
Маҷӯй, ар набошад-т густарданӣ.
Фирдавсӣ дар масъалаи гуфтору рафтор ду чизро ҷовид медонад. Сухану гуфтори нек ва дигаре номи нек:
Ба гетӣ ду чиз аст, ҷовид бас,
Дигар ҳарчӣ бошад, намонад ба кас.
Сухан гуфтани нағзу гуфтори нек,
Нагардад куҳан то ҷаҳон асту лек.
Зи хуршеду аз бод в-аз обу хок,
Нагардад табаҳ ному гуфтори пок.
Фирдавсӣ ваҳдату ягонагӣ ва дӯстиву бародариро аз муҳимтарин хусусиятҳои тарбияи ахлоқӣ медонад. Вай мардум, махсусан ҷавононро ба дӯстию ваҳдат талқин намуда, изҳор менамояд ки танҳо бо ваҳдату дӯстӣ инсон ба асли матлаби худ расида метавонад:
Зи доно ту нашнидӣ ин достон,
Ки баргӯяд аз гуфтаи бостон,
Ки гар ду бародар ниҳад пушт-пушт,
Тани кӯҳро хок монад ба мушт.
Ин андешаи шоир дар замони мо арзишу аҳамияти хосса пайдо карда, дар тарбияи ахлоқии ҷавонон метавонад таъсири бузург расонад. Ҳамин тариқ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ саропо иборат аз андешаву афкори ахлоқиву тарбиявӣ буда, омӯзиши ҳамаҷонибаи он имкон фароҳам меорад, то пешниҳоду тавсияҳои шоир дар рушди ахлоқи ҳасанаи ҷомеаи имрӯз таъсир расонад.
Ҳар он кас, ки «Шоҳнома»-хонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.
Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД ҶТ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>