Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меҳри Ватан

934Ҳикоя

Мардумро саросар воҳима фаро гирифта буд. Деҳаи Шоҳикамонӣ мотамсароро мемонд. Дар деҳа аз мардон ягон нафар намонда буд. Ҳама мардон анҷоми лозимии рӯзгорашонро ба аспу хар бор кардаву ба пушти кӯҳ лаби дарё бурда буданд. Дирӯз хабари овардаи Забири Устоқурбон, ки ба гуфтаи момаи Холбӣ, ба кадом шаҳри дуре мардикорӣ рафтаву баробари шунидани ин хабар дарҳол баргаштааст, мардумро шитобзада кард. Забири Устоқурбон хабар овард, ки ҳукумати амир дар Бухоро сарнагун гаштаву ҳукумат ба дасти ким-кадом як болшевик гуфтани одам гузаштааст. Дер ё зуд онҳо ба ин ҷой низ меомадаанд. Аз шунидани ин хабар фиғони момаи Чаман ба фалак печида гуфт:
- Рӯзамон сиёҳ шуд. Агар бо болшевик, ки кофир аст, рӯ ба рӯ шавем то қиёмат дар оташи дӯзах хоҳем сӯхт ва ҳаргиз рӯйи ҷаннатро нахоҳем дид. Ин буд, ки ҳама бо умеди пайдо кардани ҳаёти осоишта дар сарзамини Афғонистон ба лаби дарё кӯч бастанд. Шабона мардон ба деҳа омада бояд занону кӯдаконашонро гирифта фавран бармегаштанд ва то дамидани субҳ ба воситаи талҳо ба он сӯи марз мегузаштанд. Фурсат барояшон ниҳоят танг буд. Қаҳрамони нақли мо Талаб ҳамагӣ чордаҳ сол дошт ва баъди вафоти падараш бо ҳамроҳии хоҳару модараш бо амакҳояш Абдуллову Собир якҷоя зиндагӣ мекард. Вай болои сари хоҳари дусолааш Орифамоҳ, ки дар оташи таб месӯхт, нишаста, ба ҷое шитоб надошт. Талаб дасташро ба пешонаи хоҳараш гузошт. Ҳис кард, ки аз оташи таби хоҳараш кафи дасташ ба сӯзиш даромад. Талаб шояд барои таскин ёфтани дили худ ё паст намудани таби хоҳараш бошад, ки латтапораеро ба оби хунук тар карда, онро оҳиста ба пешонаи хоҳараш гузошт. Болои сари хоҳараш Орифамо ба ғайр аз Талаб боз модараш низ менишаст. Занҳои амакҳояш саросема ба ҷамъ намудани чизу чораи хона машғул буданд. Амаки Талаб Абдулло вориди хона шуда ба занҳо амр дод:
- Зудтар бошед! Худи ҳозир ба роҳ мебароем. Занҳо дарҳол омодагии худро иброз намуданд. Вале ғайричашмдошти онҳо модари Талаб гуфт:
- Ака, ман ба ҳеҷ куҷо рафта наметавонам. Духтарам сахт бемор аст. Шояд дар роҳ ҳалок шавад.
Абдулло ба модари Талаб рӯй оварда гуфт:
- Ҳеҷ гап не янга. Духтаратро ҳамин ҷо монда меравем.
Аз чунин ҷавоби амакаш дар дили Талаб нисбат ба вай нафрат пайдо шуда бошад ҳам, вале дар баробари амакаш оҷиз буду чизе гуфта наметавонист.
Абдулло ба нолаю фиғони модари Талаб нигоҳ накарда, Орифамоҳи беморро дар кунҷи хона танҳо гузошта, ҳамаро аз хона берун кард. Ҳамин ки онҳо чанд қадам аз хона дур рафтанд, садои гиряи ҷонкоҳи кӯдак баланд шуд. Модар дигар тоқат накарда, чун сайди захмин афтону хезон ҷониби хона давид. Дар ин вақт Талаб низ мехост думболи модар ба тарафи хона равад. Вале панҷаи пурқуввати амакаш Абдулло, ки аз китфи вай маҳкам дошта буд, ба ӯ ин имконро намедод. Аммо Талаб дар китфаш дардро ҳеҷ эҳсос намекард. Фақат вай сӯзишро дар кафи даст худ ҳис мекард. Ин сӯзиши пешонаи табдори хоҳар ва оғози дарди фироқ буд.
Субҳи рӯзи дигар баробари кушода шудани чашми рӯз мардуми фирорӣ аз Ватан худро дар муҳити тамоман барояшон бегона диданд. Ҳар як нафар дар талоши роҳи халосии ҷони худ буд. Занҳо дар сар чодар партофта умуман ҳуқуқи интихобро надоштанд. Ихтиёри онҳо дар дасти шавҳарону бародаронашон буд. Ба ҳар ҳол онҳо боз шукр ҳам мекарданд, ки оби пуртуғёни дарёро сиҳату саломат гузашта ва ҳеҷ гоҳ бо "болшевики кофир" рӯ ба рӯ нахоҳанд шуд. Аммо Талаб баръакси ҳамаи онҳо сӯзиши пешонаи хоҳари беморашро дар кафи даст ҳис мекард, навҳаи модарро дар гӯш мешунид, худро барои фарзанд ба тарафи дар задани модарро медиду ҳушу ёдаш дар ёди Ватан банд буд. Акнун барои вай на танҳо муҳит, балки тамоми атрофиёни фирорӣ - ҳатто амакҳояш низ бегона буданд.
Мардуми таҳҷойӣ фирориёнро иҳота намуда, касеро интизорӣ мекашиданд. Ногоҳ садои "ана омад, ҳозир ҳамааш ҳал мешавад" гуфтани мардуми таҳҷойӣ баланд гашт. Дар ҳамин вақт марди босалобате савори асп, ки атрофашро чанд савори дигар иҳота намуда, чанд тан хизматгори дигар дар рикобаш пиёда низ меомаданд, намудор шуд. Як нафар аз байни ин омадаҳо мардумро атрофи худ ҷамъ намуда, ба сухан даромад. Вай аввалан он марди босалобатро муаррифӣ намуда гуфт:
- Ин нафар ҳокими ин музофот Султонбой аст. Ҳар як нафари шумо метавонед дар ин музофот истиқомат ихтиёр намоед ва вазифадоред, ки бе чунучаро ба Султонбой итоат намоед. Сипас, одамони Султонбой ба тақсим ва ҷобаҷокунии гурезаҳо машғул шуданд. Дар ҳамин асно чашми Султонбой ба Талаб афтода, ба нафаре супориш дод:
- Ин бачаро бо худ гир, шояд ба мо лозим шавад, - гӯён аспашро маҳмез зада ҷониби деҳае, ки на чандон дур аз лаби дарё ҷойгир буд, равон шуд.
Барои Талаб акнун ҳама атрофиён бегона буданд. Дигар барояш фарқе надошт, ки бо мардуми фирорӣ бимонад ва ё бо ҳамроҳии одамони Султонбой равад. Ҳушу хаёли вай танҳо ба Ватан - ба ёди хоҳару модараш банд буду халос. Амакҳояш ҳам хоҳ дар мулки бегона аз тарс ва ё ба хотири халос шудан аз як нафар нонхӯр бошад, ки ба одамони Султонбой барои бурдани Талаб ҳеҷ муқобилияте нишон надоданд.
Талаб дар хонаи Султонбой ба ҳайси бузбон таъин гардид. Ҷойи хобаш низ дар як гӯшаи оғилхонаи бузҳо ҷудо гардида буд. Дар ҳавлии Султонбой ба ғайр аз Талаб боз дигар хизматгороне низ буданд, ки ҳар кадоми онҳо хизматҳои махсусеро иҷро мекарданд. Чизи асосие, ки диққати Талабро бо худ ҷалб карда буд, ин аспони Султонбой буданд. Оғили аспон дар шафати оғили бузҳо ҷойгир шуда буд. Фасли тобистон сафи хизматгорони Султонбой зиёд мешуд. Султонбой ба ҳар як нафар шахсан худаш вазифаеро месупорид. Се нафар ёвари вай бошанд, иҷрои корҳои сомондодашударо назорат мебурданд. Ҳавлии Султонбойро девори баланде ба ду қисмат ҷудо мекард. Ба тарафи ҳавлии дарун девор танҳо тирезаи хурдакаке дошт, ки хизматгорони Султонбой тавассути ин тиреза барои меҳмонон ва хизматгорон хӯрок мегирифтанд. Дар ҳавлии дарун киҳо зиндагӣ мекарданд, номаълум буд. Танҳо тахмин задан мумкин буд, ки хизматгорон ва бошандагони ҳавлии дарунро занҳо ташкил медоданд. Дар фасли зимистон бошад, сафи хизматгорони Султонбой кам мегардид. Танҳо аз мардҳо ду нафар мемонд, ки ҳар як нафараш барои нигоҳубин намудани панҷ асп вобаста гардида буданд. Ҳангоми баргузории маъракаи бузкашӣ даҳ нафар омада аспони Султонбойро мебурданд. Талаб аз аспбонон шунида буд, ки ҳангоми баргузории маъракаи бузкашӣ ба ҳар асп ду нафар вобаста шудааст. Вазифаи яке аз аспро барои бузкашӣ омода намудану дигаре бошад, дар майдон ҳунарнамоӣ кардан иборат буд. Дар байни аспони Султонбой аспи сиёҳе буд, ки аз дигар аспон ба куллӣ фарқ мекард. Аз рӯйи шуниди Талаб ин аспро ҳангоми эълони мукофотҳои арзишманд ба човандозони махсус медодааст ва ба ин восита, ҳамасола даромади ниҳоят калон ба даст меовардааст. Агар рафту човандоз муваффақ намешудааст, Султонбой сахт ғамгин гашта, чанд рӯзи дигар бо таъби хира мегаштааст. Талабро бо ин асп дилбастагии хоссае пайдо гардида буд. Вай гоҳ-гоҳ шабона ба назди ин ҷонвари безабон омада, онро навозиш мекард. Тамоми дарду ғам ва дурӣ аз Ватанро ба гӯши ин ҷонвари безабон мегуфт. Ягона воситае буд, ки ҳангоми навозиши пушту паҳлӯи ин ҷонвар Талаб сӯзиши кафи дасти ба пешонаи хоҳар гузоштаашро лаҳзае ҳам бошад, фаромӯш мекард. Талаб аспро навозишкунон, оҳиста ба гӯши ин ҷонвари безабон мегуфт: "Дар сар нақшаҳое дорам, ки албатта бо ёрии ту онҳоро амалӣ хоҳам кард".
Талаб аз шавқи дил ба ин асп Бодпо ном ниҳода буд, ки оҳиста-оҳиста ин ном ба як амри маъмулӣ мубаддал гашта, ҳама акнун ин ҷонварро Бодпо мегуфтанд.
Ҳамин тариқ, аз байн ду сол гузашт ва оқибат он фурсате, ки Талаб дер боз интизораш буд, фаро расид. Талаб нав шонздаҳсола шуда буд. Вале дар назар ҷавонмарди тануманди ҳаждаҳ-нуздаҳсоларо мемонд. Як рӯзи зимистон дар деҳаи Султонбой маъракаи бузкашӣ баргузор гардид. Аз тамоми деҳаҳои атроф беҳтарин чобуксаворони човандоз барои ҳунарнамоӣ ба ин маърака омада буданд. Султонбой низ ба хизматгоронаш иҷозат дод, ки ҳарчи зудтар корҳои худро ба анҷом расонида, барои тамошои мусобиқаи бузкашӣ раванд. Дар макони баргузории мусобиқаи бузкашӣ, бо супориши Султонбой, дар баландии теппа ҷойи махсусе барои худи вай ва човандозонаш ороста буданд. Ҳангоми дамгирии човандозон шахсони вобасташуда аспонро ба баландии теппа бароварда, баданашонро аз арақ пок карда, барои баромади навбатӣ омода менамуданд ва бо ишораи Султонбой, аспонро ба назди човандозон меоварданд. Дар ин маърака човандози номдоре, баъди баромад намудан, барои дамгирӣ ба назди Султонбой омад. Аммо хизматгоре, ки бояд Бодпоро барои баромади навбатӣ омода мекард, бо кори муҳиме ба деҳа рафта буд. Султонбой ин тарафу он тараф нигариста, ногоҳ чашмаш ба Талаб, ки дар пой мукии нимдошт пӯшида, дар тан либоси карбосӣ ва аз болои он чакмани фарсудаву даридае дошт, афтода, ӯро ба наздаш хонда, ҷилави Бодпоро бо пораи матои карбосие ба дасти ӯ дода фармуд:
- Ба баландии теппа, ки шамолрас бошад, баро. Бо ин матопора арақи бадани Бодпоро пок кун. Баъди дам гирифтану ба баромади навбатӣ омода шуданаш, ман худам туро фарёд, ки кардам, дарҳол ба наздам биё. Боз беақлӣ кардаву ба он савор нашавию афтида мурӣ, ки бузони ман бе бузбон монанд.
Аз ин гапи Султонбой атрофиёнаш завқ бурда хандиданд. Талаб аспро ба баландӣ баровард. Султонбой ва ҳамроҳонаш ба тамошои мусобиқаи бузкашӣ машғул шуданд. Талаб ҳама дастуру супоришҳои Султонбойро иҷро намуда, вақте боварӣ ҳосил намуд, ки Бодпо барои идомаи мусобиқа омода аст, чашми Султонбойро гурезонида, ба пушти теппа гузашт ва зертангу пушттанги аспро кашида маҳкам карда ба болои зин нишаст.
Дар ҳамин вақт садои соҳибони маърака баланд гашт. "Бехабар намонед. Мукофоти навбатӣ як асп бо зину афзораш бо иловаи як гови се сол". Ин баландтарин мукофот, гуфтан мумкин аст, ки шоҳҷоизаи ҳамон давр буд. Султонбой, ки ғарқи тамошои маъракаи бузкашӣ буд, аз шунидани ин нидоҳо ба худ омад. Човандозеро, ки барои ба даст овардани чунин мукофотҳо паҳлӯи вай нишаставу интизори фаро расидани соати баромадаш буд, ишораи омодабошӣ намуд. Худ ба атроф назар кард, аммо дар баландии теппа на Талаб менамуду на асп. Ин ҳолат Султонбойро сахт хашмгин карда, дарҳол ба хизматгоронаш супориш дод, ки аз таги замин ҳам бошад ин "сағераи бузбон"-ро пайдо намоянд. Ногаҳон яке аз човандозони дар аспдавонию бузкашӣ номбароварда, буз дар дасташ аз тӯда ҷудо гашта, ба болои теппа баромад. Дигар саворон ӯро думболгир шуда бошанд ҳам, вале хеле дур монда буданд. Садоҳои мухлисон, ки фарёд мезаданд: "Рақиби ин асп танҳо Бодпои Султонбой аст!", "Аспи Султонбою чобуксавораш куҷо шуд?", - ғазаби Султонбойро нисбат ба Талаб даҳчанд мекарданд. Савор бо ҳамон суръат аз баландии теппа сари аспашро ба тарафи марра гардонида, ҳаракаташро давом дод. Дар ин ҳолат дигар саворон ба ҷуз роҳ додан ба ӯ дигар чорае надоштанд. Талаб Бодпоро бо тамоми шасташ думболи он савор қамчин зада, ба монанди уқобе, ки сайдашро думболагирӣ мекунад, дар андак фурсат ба он савор расида, бо як чолокӣ чанг андохта бузро соҳиб шуд. Сипас майдонро давр зада, бузро ба марра бурда партофт. Садоҳои "Аспи Султонбой ғолиб омад", "Аҳсан ба Султонбой", - гуфтани тамошобинон баланд гашт. Талаб пас аз ин ба назди Султонбой омада, аз асп пиёда шуду ҷилави аспро ба дасти ӯ дод. Султонбой Талабро ба оғӯш гирифта, дасташро фишурда офарин хонд. Ҳамин тавр Талаб аз бузбон ба дӯстдоштатарин човандози Султонбой табдил ёфт. Вале кафи дасташ ҳамоно месӯхт, албатта, на аз фишурдани Султонбой, балки сӯзиши пешонаи хоҳар ҳанӯз ҳам дар дасти вай боқӣ монда буд.
Бо супориши Султонбой барои Талаб ҳуҷраи махсусеро омода намуда, шинамтарин либоси хоси човандозонро муҳайё карда буданд. Бо хоҳиши Талаб Султонбой нигоҳубини Бодпоро ба худи ӯ супорида буд. Давоми як соли дигар Талаб дар маъракаҳои бузкашӣ баромад намуда, ба фоидаи Султонбой мукофотҳоеро соҳиб гардид, ки давоми сол тамоми човандозони Султонбой ба даст наоварда буданд.
Рӯзе дар як деҳае, ки бар лаби дарё наздик буд, боз маъракаи пурдабдабаи бузкашӣ баргузор гардид. Дар вақти гармии мусобиқа Талаб ба буз соҳиб шуда ба баландии теппа баромад. Садои ҳаё-ҳӯйи мухлисон баланд гашт. Талаб Бодпоро бо тамоми шасташ қамчин зада, вале ин маротиба ҷониби марра неву балки ҷониби дарё рафт. Талаб бузро аз дасташ раҳо карда, бо асп худро ба дарё зад. Ҳама ҳайрон шуда ба ӯ менигаристанд. Асп шинокунон дарёро гузашта, ба соҳил баромад. Талаб аз асп пиёда шуда дасту рӯяшро ба замин - ба хоки Ватан молид. Ҳис кард, ки сӯзиши дасту дарди ҷонаш таскин ёфт. Ногаҳон дар болои сараш суроби пайдо шудани касеро ҳис карда, сар бардошт. Дар рӯ ба рӯяш шахсони низомипӯшро дид. Бо аломати таслим даст бардошта, аз ҷой бархост. Дигар барои ӯ муҳим набуд, ки ӯро ба маҳкама мебаранд ва ё бадарға мекунанд. Муҳимаш он буд, ки ӯ акнун дар Ватан аст.

Ҳасан ШЕРАЛӢ,
полковники милитсия

Нақли ин ҳикояро аз куҳансолтарин марди деҳаи Шоҳикамонӣ - бобои Забир (Худованд раҳматаш кунад) шунида будам. Ҳамчунин, шодравон нақл мекард, ки синну соли Талабро ба назар гирифта, ӯро барои убури ғайриқонунии сарҳад бахшидаанду ба дидори модару хоҳараш мушарраф гардида буд.
Аз муаллиф




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика