Бонуи нозанин, подполковники милитсия, сардори шуъбачаи иттилоотӣ, нашриёт ва кор бо шабакаҳои интернетии РВКД дар вилояти Хатлон Офоқи Қодириён, дар Рӯзи матбуоти тоҷик – иди касбии рӯзноманигорон аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони «Аълочии матбуоти тоҷик» қадрдонӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Офоқ Қодириён аъзои Иттифоқи Нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи рӯзноманигорон ва шоираи ширинкалом аст.
Ба ин бонуи хирад пирӯзиҳои касбӣ, сарбаландӣ, тансиҳатӣ ва эҷоди созанда таманно дорем. Қаламатон ҳамеша сабз бод!
Сари баланду ифтихори миллатем,
Ҳамеша ёру дар канори миллатем.
Фидоиён, фидоиёни миллатем,
Ба ҷон ҳама паи барори миллатем.
Барои амну сулҳу пойдориҳо,
Ба меҳр бо шараф ба неккориҳо,
Барои халқ ҷавшани саодатем,
Шикаста дасти сарди нобарориҳо.
Фидоиён, фидоиёни миллатем.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>