Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забон рукни асосии давлатдорист

Инчунин, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Баҳриддин Камолиддинов баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки дар ҳар марҳила ва сохти давлатдорӣ маҳз забон ифодагари ҳастии миллат маҳсуб ёфта, хештаншиносиву ҳисси ватандӯстиро ифода месозад ва шукр, ки баъд аз солҳо бо туфайли ба даст овардани истиқололияти кишвар забони тоҷикӣ мақоми давлатиро соҳиб гашт.

Меҳмонони дигар Нуқра Аҳмадова ва Маҳмад Муродов намояндагони Кумитаи забон ва ислоҳот оиди моҳияти забони давлатӣ ва боз ҳам дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар ҳамаи самтҳои фаъолият, аз ҷумла дар мақомоти корҳои дохилӣ ибрози назар карданд.

Иштирокчиёни семинар бахусус шунавандагони Академияи мазкур, аз ин ҷамъомади пурмӯҳтаво таассуроти амиқе бардоштанд.

Чунин ҷамъомадҳо дар дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ низ баргузор гашта истодаанд.

Шукурова Р.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun1006

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика