Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Модар, баҳор бӯи туро дорад…

423

Зан-модар худ гул аст, ҳар ҷое қадам мениҳад, онҷо гулу гулзор мешавад.
Роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон модарони гиромиқадрро ба муносибати ҷашни пуршукӯҳ «Рӯзи Модар», иди фархунда, самимона шодбош мегӯяд.
Модар - баҳор мисли ту зебо аст,
Ҳарчанд меҳрбориву яктоӣ.
Ман аз сафои ҳусни ту менозам,
Ҷонам ҳалоки ин ҳама зебоӣ.

Он сабзае, ки сар бикашад ором,
Бар миҷахои чашми ту мемонад.
Ҳам булбуле ба шохи гуле бо завқ,
Афсонаҳои ишқи ту мехонад.

Дар осмони рушани бахти ман,
Аз хандаи лабони ту хуршед аст.
Оғӯши гарму нарми туро хоҳам,
Зеро, ки ошёнаи умед аст.

Модар бахор бӯи туро дорад,
Ҷонам ҳавои кӯи туро дорад.
Дил роҳат аз нумуӯ ту меҷӯяд,
Чашмам хумори рӯи туро дорад.

892893894

Офоқ Қодириён




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика