Дар партави амалигардонии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо мақсади баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, маърифат, малака ва сатҳи суханронӣ, баландбардории маҳорати касбӣ, мутолиаи асарҳои илмиву бадеӣ, ҳамчунин дар ин замина беҳтар шинос гардидани кормандон ба таъриху тамаддун, фарҳангу маданият, мероси ғании адабиёти классик ва муосири тоҷик, пайваста дар ВКД чорабиниҳои мақсаднок роҳандозӣ мегардад.
Дар ин замина, бо дастури роҳбарияти ВКД ва ташаббуси сардори Академияи ВКД шунавандагони факултети №3-и ин боргоҳи илму маърифат, ки кормандони амалияи мақомоти корҳои дохилӣ мебошанд ва аз ҳар гӯшаву канори мамлакат ба пойтахт омадаанд, ба таври дастаҷамъона ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, аз таъриху тамаддун ва фарҳангу маданияти халқи тоҷик аз давраи бостон то ба имрӯз ошноӣ пайдо намуда, бо бозёфтҳои бостоншиносӣ шинос гардиданд.
Аз ҷумла, дар ошёнаи якуми Осорхона шунавандагони факултети №3-и Академияи ВКД аз бозёфтҳои мансуби асри санг дар Тоҷикистон, деҳшаҳри Саразм, фарҳанги зардуштӣ, императории Ҳахоманишиҳо, давлатдории замони юнону бохтариҳо, Кушониҳо, Сосониён, Ҳайтолиён, Панҷакенти қадим маълумот пайдо карданд.
Дар Осорхона ёдгориҳои аз Панҷакенти қадим бозёфтгардида, аз қабили деворнигораҳо, зарфҳои сафолӣ, порчаҳои сафолии тамғадор маҳфуз аст, ки осори мазкур аз гузаштаи пурифтихори ин маркази тамаддуни тоҷикон шаҳодат медиҳад.
Шиносоӣ бо бозёфтҳои бостоншиносӣ, ки муаррифгари фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик аст ба шунавандагон рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Эҳсон Абдуллозода
Рустам Бегматзода
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>