Мо посдори номи нек, пояндадори кишварем,
Бо нангу ору бо шараф, андар канори Сарварем.
Дар хизмати халқу Ватан бо ҳастиву пайванди худ.
Омода дар ҳар лаҳзае, мисли сипар, фармонбарем,
Содиқ бар Савганди худ, содиқ бар Савганди худ.
Мо посдори номи нек, пуртоқатем, пурқудратем,
Размандагони ин диёр, бахшандаи амниятем.
Сарбози бо нангем мо, шерони халқу давлатем.
Соҳибватан, соҳибзабон, бо ҳимматем, бо ҳимматем.
Мисли сипар истодаем, содиқ бар Савганди худ.
Мо посдори номи нек, насли ватанро ҳифзгар,
Дорем азми устувор, дар партави сулҳи башар.
Номусу нанги миллатем, боҷуръатем, боғайратем,
Ҳам ифтихори модарем, ҳам аз Ватан, ҳам аз падар.
Бо ҳисси садҳо ифтихор, содиқ бар Савганди худ,
Мо посдори номи нек, дар мо ғурури миллат аст,
Дар сина қалби пуршарар, бозуву зури миллат аст.
Ҷони ба каф истодаем, бо дарки номуси баланд,
Қиммат салоҳи кишвар аст, моем фонуси баланд.
Мо бо шарофат зиндаем, содиқ бар Савганди худ,
Мо посдори номи нек, сад дардро дармон кунем,
Дар кору дар пайкори худ, хизмат зи қалбу ҷон кунем.
Беҳтар зи сад ганҷи ҷаҳон, ҳаст тандурустии шумо,
Бо меҳру сидқу бо вафо кумак ба ҳар инсон кунем.
Сад мушкиле осон кунем, содиқ бар Савганди худ,
Мо посдори номи нек, масъули сулҳему субот,
Осодагии халқ ҳаст бар мо салоҳ бар мо мурод.
Андар фазои меҳанем, хидматгузори мардумем,
Поянда сулҳу дӯстӣ, поянда марзу бум бод.
Пайванд чун ҷону танем, содиқ бар Савганди худ,
Мо посдори номи нек, насли ватанро ҳифзгар,
Дорем азми устувор, дар партави сулҳи башар.
Номусу нанги миллатем, бо ҳисси садҳо ифтихор,
Рахшанда рӯи синаҳо истораҳои пуршарар.
Истораҳои меҳанем, содиқ бар Савганди худ.
Мо посдори номи нек, ҳифзи Ватан қарзи ман аст,
Амнияти халқи азиз, пайванд бар ҷону тан аст.
Дар хизмату мардонагӣ, партавфишонӣ мекунем,
Бар мо муқаддас миллат аст, бар мо муқаддас меҳан аст.
Нанги Ватанро ҳифзгар, содиқ бар Савганди худ.
Мо посдори номи нек, истода дар ҳифзи Ватан,
Бо ҷону дил дар хизматем, шерона дар ҳифзи Ватан.
Чун Рустами дастон мо, шоистаи даври худем,
Пайванди таърихи куҳан, мардона дар ҳифзи Ватан.
Партавфишонӣ мекунем, содиқ бар Савганди худ.
Мо посдори номи нек, бо сад шараф, оташтанем,
Бо нангу ору ҳам шараф, омода баҳри меҳанем.
Осудагии кишвар аст, осудагии рӯҳи мо,
Бар ҷони халқу ин диёр рахшанда мисли ҷавшанем,
Содиқ бар Савганди худ, содиқ бар Савганди худ.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>