Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шарафи ҷавонмардист!

Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳар яки шумо – фарзандони ғаюру далери Ватан, ба нангу номуси шумо, ба эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии шумо ва азму иродаи ҷавонмардонаи шумо итминони комил дорам.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

51Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистон баробари кишварҳои ҳамсоя соҳибистиқлол гардид. Вале баъди соҳиб шудан ба ин неъмати бебаҳо миллати тоҷик ба озмоиш ва имтиҳони сахту сангин рӯ ба рӯ шуд, ҷанги таҳмилии хонумонсӯзро аз сар гузаронид, ки онро касе аз хонадони тоҷику тоҷикистонӣ интизор набуд. Дар ҳоле, ки кишварҳои ҳамсоя баробари соҳибистиқлолӣ аз пайи ободкориву созандагӣ камари ҳиммат баста буданд, аммо тоҷикон дучори фалокате гардиданд, ки ҳам шикасти маънавӣ ва ҳам моддиро ба дунбол дошт. Талафоти ҷонӣ, хисороти иқтисодӣ, харобкорӣ, оворагӣ ва ҳамаи он бесарусомоние, ки он солҳо ба сари миллати соҳибтамаддуни тоҷик омада буд, аз ҷониби бадхоҳони миллат ва берун аз ҳудуди кишвар тарҳрезӣ ва идора мегардид.
Чуноне, ки аз таърих маълум аст, душманони миллати тоҷик пешравӣ ва шукуфоии ин халқи фарҳангсолорро дидан намехостанд. Душманони миллат ҷанги хонумонсӯз, ҷанги харобкору шумро дар кишвари тозаистиқлол роҳандозӣ намуданд, ки сарзамини тоҷикон ба хун оғушта гашта, миллати заҳматкаши он дар ҳоли парокандагӣ қарор гирифт. Бадхоҳони миллати тоҷик андешаи ба порчаҳо тақсим намудани ин мулки ободро доштанд. Аммо хиради азалӣ, муттаҳидии миллати тоҷик ва фарзандони шуҷои Ватан буд, ки тири душман хато хӯрд ва мо дубора эҳё шудем. Маҳз бузургии ин миллати соҳибтамаддун буд, ки баъди ҳазор соли парешонӣ боз соҳиби истиқлол гардид.
Таърих гувоҳ аст, ки дар тақдири аксар халқу миллатҳои истиқлолталош бинобар набудани шахсияти барҷаста, пешвои тавонои бо нангу бо ифтихор, ки тавонад ҷунбишҳои мардумиро ҷониби фардои нек роҳбаладӣ намояд, пирӯзиро аз даст додаанд.
Хушбахтона, дар таърихи навини миллати фарҳангпарвари тоҷик аз миёни худ шахсияти беназиреро ба майдони сиёсат баровард, ки дар муборизаҳои шадид бо нерӯҳои дохилу хориҷӣ ниятҳои нотавонбинонаи бадхоҳонро барҳам зада, ворисони Сомониро баъди ҳазор соли ноумедӣ боз соҳиби давлату давлатдорӣ гардонид. Ташаббускор ва сарҷамъкунандаи миллати тоҷик фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор буд ва мамлакатро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, давлат аз иқтидори ҳарбӣ ва қувваҳои мусаллаҳ маҳрум буд, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯ ба рӯ буданд. Дар ин вазъи нобасомон табиист, ки қуввае лозим буд, то пеши роҳи гурӯҳҳои мухолифинро, ки якпорчагии давлат ва миллат барояшон заррае арзиш надошт, гирад ва ин зарурат Эмомалӣ Раҳмонро, ки он вақт Раисии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт ба ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ водор сохт.
Аз нав таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳ кори осон набуд, зеро ҳар сиёсатмадор қудрати онро надошт, ки дар як давраи нооромӣ чунин як ниҳоди бузургро таъсис диҳад. Дар ҳамон давра аз нав барқарор намудани ин сохтори бениҳоят муҳим барои нигоҳ доштани якпорчагии миллат метавон аз аввалин қадамҳои устувори Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон унвон кард, зеро Тоҷикистон дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ягона давлате буд, ки пас аз пош хӯрдани иттиҳод аз артиши он давлати абарқудрат ҳеҷ меросе нагирифт. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки 23-юми феврали соли 1993 бо нахустин гузашти ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз майдони марказии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, қадамҳои қатъӣ дар ҷодаи таъсис додани Артиши миллӣ гузошта шуд ва дар як муддати кӯтоҳ ба ниҳоди пурқудрати давлатӣ табдил ёфт. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву азми қавӣ ҳамаи мушкилиҳову маҳрумиятҳои дар пеши роҳ бударо бартараф карда, давра ба давра шакл гирифт ва муҷаҳҳазу мусаллаҳ гардид.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ се марҳиларо паси сар намудаанд. Марҳилаи аввал замони ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки он бомуваффақият анҷом ёфт. Марҳилаи дуюм – давраи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии низомӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки он ҳанӯз идома дорад. Марҳилаи сеюм – ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онҳо мебошад. Айни ҳол дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи қувваҳои мусаллаҳ фаъолият доранд: қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои зудамал, қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам идома дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Ва ин албатта амали воқеист. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд. Чунки ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат аст.
Сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои аввали истиқлолият – дар шароите, ки сару либос ва силоҳу лавозимоти дуруст надоштанд, дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ҷонбозиҳои зиёде карданд ва ҳазорон нафари онҳо дар ин роҳ қурбон шуданд, ки хотираи неки муборизони роҳи озодиро халқи сипосгузори тоҷик ҳеҷ вақт фаромӯш намекунад. Ҳоло Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи обутобёфта, ҷангдида, бошуҷоату ватандӯст яке аз муқаддасоти миллӣ – рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа артиши Тоҷикистон, бинобар ҷангдида ва корозмуда будан, аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа шуморида мешавад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ободтарин ва амнтарин давлатҳои соҳибистиқлоли ИДМ маҳсуб меёбад. Вале то ба ин рӯз расидан ин миллату давлат чӣ рӯзҳои вазнинеро аз сар гузаронидааст, ки таърихи инсоният онро фаромӯш карда наметавонад. “Таърихи миллати мо саропо аз муборизаҳои ошкору ниҳон барои нигоҳ доштани ҳастӣ, оини давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ иборат аст”. Ин суханони арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ёдоварӣ аз гузаштаи пурифтихори миллат ишораест ба халқи тоҷик ҷиҳати ибрат гирифтан аз аҷдоди миллатдӯсту ватанпарварамон. Бо ҳамин ишораҳо мо ба авзои солҳои навадум ва аз кадом ҳол ба ин рӯзҳои равшан расидани миллати тоҷик бо дарназардошти он, ки хизматҳои Пешвои миллат дар ин росто чун оина барои ҳамагон аён аст, иктифо мекунем ва рӯ меорем ба кору пайкори Пешвои миллат дар марҳилаи нави ташаккули давлатдории тоҷикон.
Бубинед, имрӯзҳо дар ин ё он гӯшаи ноороми дунё мо нақши ҳамон «услуби» ҷанги таҳмилиеро мушоҳида мекунем, ки душманон ва бадхоҳон дар аввали солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба сари миллати мо таҳмил намуданд. Ин ҳамон нақши қувваҳо ва гурӯҳҳоест, ки ба ободии як мулки дигар манфиатдор нестанд ва кӯшиш мекунанд, ки оромию суботро дар ин ё он гӯшаи олам барҳам зананд, то ки ба аҳдофи нопоки сиёсию ҳудудию молии худ бирасанд.
Аз тариқи ВАО маълум аст, ки дар миқёси олам чӣ таҳаввулотҳое рӯй дода истодааст. Ҳар рӯзу ҳар соат даҳҳо нафар мемиранду бе ному нишон мегарданд. Баъзе аз давлатҳои абарқудрат рӯ ба нестӣ оварда, ба порчаҳо тақсим шуда истодаанд.
Бинобар ин, риояи талаботи ойинномаҳои умумиҳарбӣ ва интизоми қатъӣ, баланд бардоштани малакаву маҳорати касбӣ ва омодагиву омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, мунтазам такмил додани донишҳои сиёсиву низомӣ, густариши ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ бояд ҳамеша дар маркази диққат қарор дошта бошад.
Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Афсарону сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз сафарбар месозанд. Ҳамин сипоҳиёни Ватан ҳастанд, ки мо ором мехобем ва аз ин лаззати тинҷиву оромӣ мечашем ва мегӯем, ки шукри обу хокат мекунем, шукри амну суботат мекунем, шукри як пораи нонат мекунем, эй Ватан — Тоҷикистони соҳибистиқлоли ман.
Таҳким бахшидан ва неруманд сохтани Артиши миллӣ аз тарбияи хуби ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ вобастагӣ дорад. Хизмати Ватан – Модар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагӣ ба шумор рафта, онҳо маҳз дар ин ҷо далеру шуҷоъ тарбия меёбанд ва ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд. Дар самти ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола тадбирҳои нав роҳандозӣ ва татбиқ мешаванд.
Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби тарбия ва обу тоби бадан ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мебошад. Ҷавонони муассисаи таълимиро мебояд аз ин далерию шуҷоат дарси ибрат гиранд, чунки суботу оромии кишвар ва ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ аз ҷавонони чолоку ҳушёр вобастагии зиёд дорад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиклоли мо бо ҷавонони боору номусаш ва бо далерони шуҷоаш беш аз пеш ободтару шукуфонтар мегардад.
Маврид ба зикри хос аст, ки сафи ҷавонони ихтиёран ба Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳшаванда сол аз сол зиёд мегардад ва ин нишони баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллии насли ҷавон мебошад. Ҷавонони мо дар сафҳои Артиши миллӣ сарбаландона хизмати Модар – Ватанро иҷро карда, бо матонату шуҷоати худ собит менамоянд, ки ҳифзи марзу буми аҷдодӣ қарзи фарзандии онҳост. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад.
Имрӯз мардуми мо нафаси осуда мекашанд ва бо эътимоди комил, дилҳои пур аз умед, орзуҳои наҷиб ба сӯи фардои дурахшони хеш собитқадамона роҳ мепаймоянд. Сад шукр, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик ин ҳама пастиву баландиҳои рӯзгорро паси сар намуд ва имрӯз бо роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи ободкориву созандагист. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин ҳама тинҷиву оромӣ биресем ва шукргузор аз ин неъмат бошем.
Нуктаи муҳим барои ҷавонон – ояндасозони ҷомеа дар баробари ифтихор аз Ватану давлатдорӣ дар амал татбиқ намудани ташаббусҳо ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Яъне ҳар яки моро мебояд пайравӣ ва ифтихормандии хешро ба Пешвои миллат бо қалби соф, рафтору амали худ, дастовардҳои созгор ва шуҷоатмандии хеш изҳор намоем!

ХОЛОВ Фирдавс,
омӯзгори кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ, лейтенанти милитсия;
ҲАБИБЗОДА Ҳокимҷон,
ТОҶИДДИНИ Бахтиёр,
Курсантони Академияи ВКД




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика