Театр тарғибгари ғояҳои баланди инсонӣ ва тараннумгари фарҳангу ҳунари асили мардумӣ буда, нақши он дар камолоти маънавии ҷомеа бузург мебошад.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва огаҳӣ пайдо намудани онҳо аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик санаи 27-уми январи соли 2020, барои ҳайати шахсии кормандони РВКД ва ҷузъу томҳои он дар вилояти Хатлон дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, намоишномаи театрии «Васвасаи нафс» аз рӯи асари Ҷумъа Қудус аз ҷониби ҳунармандони театри мазкур пешкаш гардонида шуд.
Роҳбари театри мазкур Саидзода Отахон, кормандони милитсияро ба боргоҳи фарҳангу маънавиёт хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки барои мо ҳунармандон таваҷҷуҳ, меҳру муҳаббати тамошобин неъмати бебаҳо арзёбӣ мешавад.
Дар ин намоишнома расму оийн ва анъанаҳои мардумӣ ҷой дода шуда, ҳунармандон бо як ҳиссиёти баланд намоишномаро пешниҳоди меҳмонон гардониданд.
Кормандони мақомоти милитсияи вилоят аз тамошои намоишнома таассуроти зиёд бардоштанд.
Офоқ Қодириён
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>