Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зан ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа

351Донистани қадру қимати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар як фарди баору номус аст. Зани боҷасорати тоҷик дар тули таърих баробари тарбияи фарзанд ва ҳифзи чароғи хонадон ба хотири ҳимояи шарафу номуси кишвар ва миллат дар паҳӯи мардон бар зиддӣ душманон далерона мубориза бурдааст. Ва набзи имрӯзаи замон тақозои онро дорад, ки аз даричаи сабзи қалбҳо ба ҳама гирумони зиндагӣ нигоҳи тозае дошта, дар эъмори ҷомеаи навин нақши созандае гузорад.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки давлати соҳиистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратӣ ногузир медонад.
Моҳи декабри соли1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки аз ба имзорасии он 20-сол сипарӣ гардид. Маҳз ин фармон сабаб шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд, ки ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занону бонувон мусоидат менамоянд. Дар асоси ин фармон иштироки бонувон дар идоракунии мақомоти давлатӣ бозбинӣ шуда, шумораи онҳо дар зинаҳои гуногуни роҳбарикунанда сол то сол афзоиш меёбад.
Дар маҷмуъ, дар даврони соҳибистиқлоли ҳамчун марҳилаи нави давлатдорӣ муносибатҳои мавҷудаи иҷтимоию сиёсӣ бознигарӣ шуда, вобаста ба тақозои замон низоми нави муносибатҳо роҳандозӣ карда шуд. Дар ин раванд баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид.
352Мусаллам аст, ки беҳдошти ҳаёти зан-модар, тарбия, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои он пойдевори асосии сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон мебошад. Заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардиданд, ки зан-модар ҳамчун симои тарбиятгару созанда ва ободкору маърифатпарвар рушд ёбад. Симои зани тоҷик ҳамчун чеҳраи сиёсии кишвар бояд шинохта шавад, чунки дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ, зан бояд рисолати роҳбарӣ дошта бошад. Ин ғояи хирадмандонаи Сарвари давлат тадриҷан аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ карда шуд. Ташаббус ва хиради азалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мақоми зан дар ҷомеа ба арши воло расида, ҳуқуқ ва озодиҳои бонувон аз нигоҳи нав ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуданд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангию анъанавии ҷомеаро ба инобат гирифта, баҳри беҳтаргардонии шароити занон ва таълиму тарбияи маърифатпарваронаи онҳо камари ҳиммат баст.
Мақсад аз ин иқдом баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеаи демократӣ, омода сохтани барномаҳои муштараки ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, танзими оила, инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаи маориф, ба таҳсил фаро гирифтани шумораи ҳарчӣ бештари ҷавондухтарон, беҳгардонии шароити оилаҳои камбизоат, инкишоф додани сатҳу сифати саводнокии бонувон, бартараф намудани бекорӣ дар байни занон, ташкил намудани захираи кадрӣ аз ҳисоби ҷавондухтарон, ҳамкорӣ бо ташкилоҳои ғайриҳукуматӣ ва байналмилалии муқими Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти бонувон гардид. Нақши модар дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва камолоти маънавию ахлоқии фарзанд муайянкунанда дониста шуд.
Барои ба танзим даровардан, ҳаллу фасл ва ҳамоҳангсозии масъалаҳо оид ба фаъолияти занон ва оила аз соли 1991 инҷониб дар мамлакат Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он дар шаҳру ноҳияҳо амал мекунад. Онҳо дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни занон амалӣ месозанд. Дар ташкилоту идораҳо, муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар соторҳои кумита шӯроҳои кор бо занон ва ҷавондухтарон фаъол мебошанд.
Барои дастгирии занону бонувон бо ташаббуси Президенти кишвар аз ҷониби Ҳукумат шумораи зиёди барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо тасдиқ гардида, дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила муайян карда шудааст.
Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва барпо намудани давлати миллӣ бо раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистон қабул гардид. Ҳуҷҷати мазкур Тоҷикистони маҳбубамонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф карда, кафили асосии ҳуқуқу озодиҳои ҳар шаҳрванд, аз ҷумла занон, гардид. Якчанд моддаи Конститутсияи кишвар ҳуқуқу озодиҳои зан-модарро инъикос ва ҳифз намуда, мавқеи гендерии занонро дар ҷомеа боз ҳам устувор гардонид. Бахусус, боби 2-юми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз ҷумла занонро тақвият бахшида, моддаи 33 ва 34-и он ҳифзи оила ва кӯдакро аз ҷониби давлат кафолат медиҳад.
353Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори мавқеи зан дар ҷомеа тамоми шароитҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро фароҳам овард. Дар ин замина, моҳи сентябри соли 1998 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» тасдиқ гардид. Соли 1999 Консепсияи «Ҳуқуқҳои сиёсии занон »қабул гардид. Ин ду ҳуҷҷати тақдирсоз заминаи ҳуқуқию иҷтимоии пешбурди сиёсати давлатиро дар байни занон муайян намуд. Баъдан, «Барномаи давлатии таъмини баробарҳуқуқии занон ва модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» ба имзо расид.
Хушбахтона, имрӯз садои занони тоҷик, ки тарафдори сулҳ, рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ дар ҷаҳон мебошанд, дар сар то сари сайёра ба гӯш мерасад. Онҳо аз минбарҳои баланди конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ баромад намуда, аз комёбиҳои бадастовардаи давлат ва Президенти кишвар дар роҳи демократикунонии ҷомеа, дигаргуниҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва мавқеи баланд пайдо кардану иштироки бевоситаи занон дар ин раванд сухан мегӯянд, ки ин ҳама аз боло рафтани мақоми зан - модар дар ҷомеа башорат медиҳад.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика