Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дубай: «Мо хазинадори ганҷи маъонием»

Шаби 26 ба 27 августи соли 2013 соатҳои тахминан 19-30 дақиқа, шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловски Федератсияи Россия. Дар шабнишиние, ки бахшида ба доир гардидани Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори барҳавои меҳмонхонаи «Хайёт-Реҷенси» багузор мегардид, ҳунармандони шинохтаи Федератсияи Россия Александр Платников, Сергей Дружинин, театри тарона ва рақси «Степ»,  оркестри хори «Урал» ва дигар ситораҳои санъати рус баромад мекарданд, ногоҳон ровӣ: «а теперь для вас выступает солист ансамбля «Сипар» МВД Республики Таджикистан Дубайи Умар»  гуфт ва ҳамагон ҳайрон шуданд, ки ин кӣ бошад?! Дубай бо чеҳраи зебову назифи кўдакона ва қошу абрувони зебои тоҷикона ба саҳна баромада, бо дуторчаи дасташ рӯи курсии мобайни саҳна ҷой гирифт. Навозиши маҳину дилнавози дуторчааш агарчӣ каме диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуда бошад ҳам, вале ҳамоно афсарону генералҳои олирутбаи ВКД Федератсияи Россия ва дигар меҳмонони олиқадр ба хўрокхўрӣ ва ба сӯҳбати худ андармон буданд. Аммо чун Дубай бо садои марғуладору ширини кўдаконаи худ бо равиши фалаки ноби тоҷикӣ навҳае сардод, ҳама аз хурду гуфтор бозмонданд ва то ба охир мутаваҷҷеҳи ҳунарнамоӣ воқеан дилкашу рӯҳнавози ў гардиданд. Баробари ба анҷом расидани сурудхонӣ муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Игорь Николаевич Зубов ба саҳна баромада, ўро бусид ва тўҳфаи арзишноке ба ў дода, гуфт: «Агар Худованд хоста бошаду то давраи ҷавонии ин кӯдак мо зиндаву саломат бошем, хоҳем дид, ки ў бо ин овози нотакрораш ситораи санъати ҷаҳонӣ хоҳад шуд!!!» ва он шаб новобаста аз ҳузури шумораи зиёди ҳунармандони мардумиву шоистаи Федератсияи Россия, бо хоҳишу дархости ҳамагон Дубайи хурдсол шаш маротиба рўи саҳна омада, ҳунари зебои худро нишон дода, бо забонҳои тоҷикиву русӣ сурудҳо сароид ва кафкубиҳои ҳозирин фазоро пур мекард…

- Дубайҷон марҳамат карда мегуфтӣ, ки устоди шумо дар ҷодаи санъат кист?

-  Ман дар оилаи санъаткор ба дунё омадаам, падарам, бобоям, амакҳоям ҳама ҳунарманданд, вале аслан навохтани асбобҳои мусиқӣ, сароидан ва ба хусус фалаксароиро падарам ба ман омӯзонидааст. Ман муаллимаи азизам Гулнора Ҳасанова ва роҳбари ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ Амрохон Раҳимовро низ устодони худ медонам, ман аз онҳо бисёр нозукиҳои санъати сарояндагиро омӯхтаам ва омӯхта истодаам.

-   Кадом намудҳои асбобҳои мусиқиро навохта метавонӣ?

- Дутор, думра, рубоб, най, таблак, доира ва асбобҳои муосири барқии имрӯза корг ва ямахаро низ навохта метавонам.

- Аввалин маротиба кай баромад карда будед?

- Бори аввал дар кохи санъати шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Фалак» дар шашсолагиам баромад намудам ва ҷоизадор гардидам. Баъд аз он маро дар ҳама чорабиниву озмунҳо ва ҷашну маросимҳои идона даъват мекарданд ва завқи ман ба санъат, аз ин бештар мегардид. 

Дар кадом жанрҳо баромад кардан бароят мақбул аст?

Ман бештар фалакро дӯст медорам, барои сароидани он душвори намекашам, ҳар шеъру мисраҳои пурмазмуне, ки ба дарди мардум мехӯрад, беихтиёр месароям ва он ба дили одамон ҷой мегирад ва писанд меояд.

Вале сурудҳои эстрадӣ низ ба ман хуш меоянд, ин намуди санъат талаби замон ва мувофиқи хоҳиши ҷавонон мебошад. Ман фақат рэпсароиро қабул карда наметавонам, агарчӣ баъзе рафиқонам рэпсаро мебошанд ва дар байни ҷавонон маҳбубият доранд. Ман умед мебандам, ки рафиқони рэпсаро аз ман малол намешаванд, вале ин санъат барои мо бегонааст, он хасакӣ ва ғайрикасбӣ мебошад. Ҳар нафар метавонад мисраҳои парокандаву кӯчагиро гирд оварда, рэпсаро шавад, вале на ҳар кас метавонад фалак сарояд. Фалак ин садои дили кӯҳсорони сарбарафлоки Тоҷикистонаст, ки дар дар он таърихи ниёгонамон нуҳуфтааст.

- Мо имрӯзҳо мутаассифона хеле зиёд мешунавем, ки бисёре аз сарояндагони тоҷик сурудҳоеро месароянд, ки онҳо сабуку бемаънӣ, суханҳои кӯчагӣ ва номаълумаст, ки онро кӣ эҷод кардааст, фикри Шумо дар ин хусус?

- Ман ҳоло ба умқи маънии мураккаби баъзе аз шеърҳое, ки классикони адабиёти форсу тоҷик эҷод кардаанд, сарфаҳм намеравам, вале ҳамин қадарро медонам, ки он чӣ ман месароям пучу бемаънӣ нестанд, ман медонам чӣ суруда истодаам. Илова бар ин ман ҳар як сурудамро аввал бо утодонам, ки олиму донишманд ҳастанд мувофиқа мекунам, калимаҳоеро, ки намефаҳмам мепурсам ва онгоҳ онро бо завқи тамом месароям. Ростӣ ба фикри ман барои сарояндагони мо сароидани сурудҳое, ки мазмуни баланд надоранд айбу шарм аст, зеро онқадар махзани шеъру суруде, ки мо дар ихтиёр дорем, гумон мекунам ҳеҷ миллати дигар надорад. Мо хазинадори ганҷи маъонӣ ҳастем.

- Нақшаҳои шумо дар оянда?

- Мехоҳам хуб таҳсил намоям, мактаби таҳсилоти умумӣ ва мактаби мусиқиро бо муваффақият хатм намоям ва ба донишгоҳҳои байналмиллалии соҳаи санъат дохил шавам. Санъати волои тоҷиконро ба оламиён муаррифӣ намоям.

- Ба шумо барои як сӯҳбати самимӣ изҳори сипосу ташаккур мекунем ва Худованд шуморо ба ҳама мақсадҳои неку хайр расонад. Агар гуфтание доред марҳамат?

- Мехоҳам Тоҷикистони азизамон боз ҳам ободу зебо гардад ва мардуми сарбаландаш шоду хуррам ва хушбахту саодатмандона зиндагӣ намоянд. Ҳамеша дар ҳар хонадони мардуми тоҷик садои мусиқӣ ва тӯю сур бошад.

Мусоҳиб: М. Асадуллоев




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun1006

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика