Рӯзи 5-уми ноябр дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсияи тоҷик бо ибтикори роҳбарияти ШВКД-2 дар шаҳри Исфара байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умӯмии минтақаи маъмурӣ озмуни Шоҳномахонӣ баргузор гардид. Маҳфили Шоҳномахонӣ миёни толибилмони мактабҳо аз ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ, Сурх ва Ворух дар Маркази ҷавонони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ гузаронида шуд.
Илова бар ин, хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз рӯи достонҳои Шоҳнома саҳнаҳои тарбиявиро ба намоиш гузоштанд.
Чорабинии фарҳангӣ бо мақсади таҳкими нерӯи зеҳнии наврасон, бедор намудани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, ҷалби онҳо ба мутолиаи асарҳои бадеӣ, сайқали маҳорати суханварӣ ва огоҳи ёфтан аз адабиёти пурғановати ниёгон ташкил карда шуда, ҳадафи дигар пешгирӣ аз беҳудагардии наврасон унвон карда шуд. Дастандаркорон ба пурдонӣ, зиёд аз бар намудани байту асарҳои Шоҳнома, дарки маънӣ, тафсири байт, қироати ифоданоку хушбаёнии иштирокчиён баҳо доданд.
Озмуни Шоҳномахонӣ бо иштироки 280 нафар хонандагони мактаб ҷараён гирифта дастаи толибилмони МТМУ №25-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ҷойи аввал, МТМУ №58 зинаи дуюм ва хонандгони МТМУ №65 мақоми сеюмро сазовор шуданд.
Муовини сардори ШВКД-2 дар шаҳри Исфара подполковники милитсия Солеҳҷон Парпиев ба ғолибон сипоснома ва туҳфаҳо тақдим намуда, бори дигар онҳоро ба донишандӯзӣ, аз ҷумла мутолиаи асарҳои бадеӣ ҳидоят намуд.
Иқдоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷониби омӯзгорон, волидайну сокинони минтақа хуш пазируфта шуд ва онро дар тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни насли наврас муфид хонданд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>