Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошои намоишномаи «Дузди бо инсоф»

453

Имрӯз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ намоишномаи таҳти унвони манзури кормандони мақомоти корҳои дохилӣ гардонида шуд.
Намоишномаи мазкур аз рӯйи асари нависандаи машҳур Дарио Фо дар жанри мазҳакавӣ ба саҳна гузошта шуда, он масъалаҳои иҷтимоӣ мушкилоти рӯз ба монанди хиёнат ба оила майнушию риёкорӣ дуздӣ ва дигар кирдорҳои ношоистаро дар бар мегирифт.
Муҳтавои асосии намоишнома аз он иборат буд, ки дузде ба хонаи марди сарватманде медарояд. Ҳангоми кофтукоб намудан, соҳибхона бар мегардад дузд аз ноилоҷи худро дар зери миз пинҳон менамояд, ки дар натиҷа шоҳиди воқеаҳои гуногун мешавад ва ӯ мефаҳмад, ки марди хона ба ҳамсараш хиёнат кардаистодааст.

454

Дар ин намоишнома ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ бо як маҳорати баланд нақшҳоро офариданд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз чунин як намоишномаи ҷолиби дидани ба худ илҳоми тоза гирифтанд.
Наврӯз Ҷобиров




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика