Дар доираи сафари кории ҳайати Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини Ҷумҳурии мардумии Чин ва намояндагони оркестри «Сипари тилоӣ»-и Департаменти мазкур, дар баробари тамошо ва аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз маконҳои таърихӣ ва фарҳангиву фароғатии пойтахти кишвар ҳамзамон ин гурӯҳи оркестрӣ як қатор барномаҳои фарҳангиро манзури тамошобинон, махсусан сокионони пойтахт гардониданд.
Аз ҷумла, дар доираи ин сафар санаи 11-уми май дар Амфитеатри боғи ба номи А.Фирдавсӣ консерти калони оркестри нафасии «Сипари тиллоӣ»-и Ҷумҳурии мардумии Чин таҳти унвони «Даъвати роҳ» баргузор гардид. Дар барномаи консертӣ зиёда аз 1500 нафар ҷавонону донишҷӯён ва сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Барномаи консертӣ бо садо додани сурудуҳои миллии ҳар ду кишвар оғоз гардида, дар рафти он якчанд мусиқиҳои сурудҳои тоҷикӣ аз ҷониби навозандагони оркестри «Сипари тиллоӣ» бо ҳунари баланди бадеӣ навохта шуда, диққати тамошобинонро ба худ ҷалб намуд.
Суруду таронаҳои тараннумгари дустӣ, хизмат ба Ватан, садоқат ба миллат, арҷгузорӣ ба таърих аз мавзуъҳои меҳварии барономаи коенсертӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>