Сиёсати хориҷӣ ва дарҳои кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овардааст, ки дар доираи созишномаҳои баимзорасида мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо вазорату идораҳои дахлдори шарикони стратегӣ ва кишварҳои дӯст ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монда, табодули таҷриба намоянд.
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки бо Ҷумҳурии мардумии Чин расман ҳамчун шарикони стратегӣ шинохта шудаанд, имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монда, ҳамкориҳои стратегии ду кишвари дӯст ва ҳамсояро тақвият медиҳанд.
Дар баробари дигар соҳаҳо дар ин замина якчанд Созишномаҳои ҳамкорӣ ва Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардуми Чин ба имзо расонида шуда, мулоқоту сафарҳои кории ҳайатҳои расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин ба кишварҳои ҳамдигар ба роҳ монда шуда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои муборизаи якҷоя бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона дар сатҳи зарурӣ ташкил ва амалӣ карда шудаанд.
Дар доираи Протоколи баимзорасида аз натиҷаи гуфтушунид байни Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе санаи 8 майи соли ҷорӣ як ҳайати калони намояндагони оркестри «Сипари тилоӣ»-и Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су таҳти роҳбарии сардори Департаменти мазкур, ӯ низ муоивни раиси шаҳри Нанкин ҷаноби Сун Тсзянюй бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Дар доираи ин сафар шоми 9 май дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев консерти калони оркестри нафасии «Сипари тиллоӣ»-и Ҷумҳурии мардумии Чин таҳти унвони «Даъвати роҳ» баргузор гардид. Дар барномаи консертӣ наздики 1000 нафар кормандони милитсияи пойтахт, роҳбарияти ВКД, роҳбарони сохтору мақомотҳои шаҳрӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва занону бонувон иштирок намуданд.
Барномаи консертӣ бо садо додани Сурудҳои миллии ҳар ду кишвар оғоз гардида, дар рафти он якчанд мусиқиҳои сурудҳои тоҷикӣ аз ҷониби навозандагони оркестри «Сипари тиллоӣ» бо ҳунари баланди бадеӣ навохта шуда, диққати тамошобинонро ба худ ҷалб намуд.
Суруду таронаҳои тараннумгари дустӣ, хизмат ба Ватан, садоқат ба миллат, арҷгузорӣ ба таърих аз мавзуъҳои меҳварии барономаи коенсертӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>