- Одамӣ бояд ниёгони хешро бишносад, то бидонад, ки худи ӯ кист ва ба ҷаҳон баҳри чӣ коре омадааст. Бидонад, ки некӣ ва бадӣ, одамият ва мурувват чист? Меҳандӯстӣ, некандешӣ ва некхоҳӣ биёмӯзад, - иброз гардид зимни намоишномаи «Фирдавсӣ», ки рӯзи 3-юми майи соли равон аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ пешкаши кормандони милитсия гардонида шуд. Намоишномаи «Фирдавсӣ» аз рӯйи асари нависандаи тоҷик Сотим Улуғзода таҳия гардида, онро саркоргардони театр Султон Усмонов ба саҳна гузошт. Дар намоишномаи мазкур Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбони Собир нақши Фирдавсиро бо як маҳорати том иҷро кард. Дигар ҳунарпешагон низ нақшҳои худро ба таври самимӣ ва маҳорати олӣ иҷро намуданд.
Нахуст, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба театр хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки имсол намоишномаи мазкур дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» дар байни 18 театри касбии мамлакат сазовори шоҳҷоиза гардид.
Номбурда дар идома афзуд: «Намоишномаи «Фирдавсӣ» баёнгари дарду ранҷҳои шоир, тақдири пуршӯри «Шоҳнома»-и ӯ ва ихтилофҳову зиддиятҳои бадхоҳони давр аст.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни суханронӣ ба намоишнома баҳои сазовор дода, изҳори сипоси роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро ба самъи ҳунармандон расонид.
Рамазон Раҳимзода дар баромади худ, аз ҷумла иброз намуд, ки намоишнома дар сатҳи баланди касбӣ омода гардида, тамошобинонро ба таври зинда ба таърихи ниёгони хеш ошно намуд. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз он як ҷаҳон маънӣ бардошта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар оянда низ баҳри хизмат ба халқу Ватан камари ҳиммат банданд.
Дар охир директори Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ” Лутфулло Давлатзода аз робитаи хуби ин мақомот бо театр сухан ронда, ба кормандони милитсия барои ташрифашон изҳори сипос намуд.
Наврӯз ҶОБИРОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>