Тамошои барномаҳои театрикунонида ва филмҳои хусусияти тарбиявидошта ба шахс рӯҳу илҳоми тоза бахшида, ҷаҳони маърифат ва фарҳангу маданияти ҷавононро ғанӣ мегардонад. Бо дарки ин мафҳум дар факултети №3 Академияи ВКД дар баробари ба шунавандагон омӯзонидани барномаи таълимӣ анъанае роиҷ аст, ки зимни ҳар давраи хониш шунавандагонро ба тамошои осорхона, сайругашти мавзеъҳои таърихӣ ва ба тамошои театр ва кино ҷалб менамоянд. Барои шунавандагон ин методӣ таълимӣ хело хушоянд аст. Зеро кормандони амалии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар гӯшаву канори гуногуни кишварамон фаъолият дошта, ҳама вақт чунин имконият фароҳам нест.
Рӯзи 19-уми апрели соли 2019 тамошои намоишномаи театрӣ иқдоми роҳбарияти факултети мазкур буд, ки шунавандагони соли 2-юм ва ҳайати омӯзгорони факултети №3 Академияи ВКД ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ҷамъ омаданд. Мавзӯи нафс, фиреб, пойбандӣ ба шавҳат ва оқибатҳои ногувори он таҷрибаи талхи ҳаётӣ маҳсуб меёбад, ки дар хислати персанажҳо хело зинда инъикос гардидааст.
Ҳунармандони театр образҳои мазҳакаро бо маҳорати баланд, таъсирбахш иҷро намуданд. Бо саҳнаҳои ҳаҷвӣ хислати инсонҳои пойбанди шаҳват ва дурӯғгӯю дасисабоз, ки тамошобинро ба андеша водор месозад, тантанаи ҳақиқат ва ногузир будани ҷазо барои амали чиноятӣ ба маъраз гузошта шуд. Ҳақиқати мавзӯи рӯи саҳна овардашударо дар ҷомеаи имрӯза низ дидан мумкин аст. Намоишнома бо хусусияти таълимӣ-тарбиявӣ ба тамошобинон таассуроти нек гузошт.
Ташкили чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ҷузъи ҷудонашавандаи барномаи таълимии Академияи ВКД аст, ки метавонад савияи дониши фарҳангии шунавандагонро баланд ва завқи эстетикии онҳоро сайқал диҳад.
Абдулозода Эҳсон, Абдулло Шоҳиён
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>