Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оташнишон – касби пурифтихор аст!

Баъди хатми Омӯзишгоҳ дар отряди махсусгардонидашудаи минтақавии СХДО ВКД ҶТ ба сифати сардори басти навбатдор хизматашро давом додааст. Дар давоми солҳои 1995-2009 дар вазифаҳои мухталифи дастгоҳи СХДО ВКД ҶТ ва РХДО ш. Душанбе фаъолият намуда, соли 2009 аз вазифаи сардори ШХ ва Т РХДО ш. Душанбе ба вазифаи сардори ҚМ-26 ХДО РХДО ш. Душанбе оид ба муҳофизати ноҳияи Сино-2 таъин гардидааст.

Дар давоми фаъолияти кориаш чандин маротиба бо диплому ифтихорномаҳои Вазорат, Сарраёсат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино сарфароз гардидааст. Инчунин дорои медали «Барои хизмати шоён», медали ҷашнии «80-солагии Хадамоти давлатии оташнишонӣ» ва нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини хадамоти оташнишонӣ» мебошад.

Раҳимов Хуршед Абдураҳимович оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад. Касби оташнишонӣ дар оилаи онҳо авлодӣ буда, ҳанӯз солҳои аввали таъсисёбии хадамоти оташнишонӣ бобояш – Раҳимов Иброҳим дар сафҳои он хизмат намуда, охири солҳои 50-ум аз вазифаи муҳандиси калони нозири бехатарӣ аз сӯхтори ШКД-и ноҳияи Данғара ба нафақа баромадааст.

Падараш – Раҳимов Абдураҳим Иброҳимович низ дар хадамоти оташнишонӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, то ба дараҷаи сардори Шӯъбаи оташнишонии вилояти Кӯлоб расидааст. Соли 1989 бо рутбаи полковники хизмати дохилӣ ба нафақа баромадааст. Ба ғайр аз Раҳимов А. бо ду нафар бародараш Раҳимов Ҷамшед Абдураҳимович ва Раҳимов Султон Абдураҳимович низ дар сафҳои ХДО мӯҳлатҳои муайян фаъолият намудаанд, ки яке аз онҳо Раҳимов Ҷамшед аз сабаби беморӣ соли 2002 вафот кардааст.

Раҳимов Хуршед Абдураҳимович пайроҳаи бобою падарашро идома дода, ба халқу Ватан содиқона ва софдилона хизмат намуда истодааст. «Ман дилдодаи касби хеш буда, аз он ифтихор дорам, ки идомадиҳандаи кори наҷиби бобою падарам мебошам», чунин иброз намуд, дар сӯҳбат бо мо Хуршед.   

Бошад, ки сафи чунин идомадиҳандагони кори наҷиб афзуда аз онҳо номи нек боқӣ монад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun1006

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика