Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таассуроти шунавандагон аз намоишномаи театрӣ

22

Дар факултети №3 Академияи ВКД дар баробари ба шунавандагон омӯзонидани барномаи таълимӣ анъанае роиҷ аст, ки зимни ҳар давраи хониш шунавандагонро ба тамошои осорхона, сайругашти мавзеъҳои таърихӣ, боғу гулгаштҳои навбунёд ё иншоотҳои дар замони истиқлолият бунёдгардида ҷалб намуда ҷаҳонбинӣ ва маърифати фарҳангии онҳоро баланд мебардоранд. Барои шунавандагон ин методӣ таълимӣ хело хушоянд аст. Зеро кормандони амалии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар гӯшаву канори гуногуни кишварамон фаъолият дошта ҳама вақт чунин имконият фароҳам нест. 

23

Бо дастури сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ тамошои намоишномаи театрӣ иқдоми навбатии роҳбарияти факултети мазкур буд, ки якдилона аз ҷониби омӯзгорон ва шунавандагон дастгирӣ ёфт.
Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта шунавандагони соли 4-ум ва ҳайати омӯзгорони факултети №3 Академияи ВКД бо роҳбарии сардори факултет, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Амрудинзода Муҳрудин Амрудин ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ рафта мазҳакаи «Ҷиноят ва ҷазо»-и драманависи рус Михаил Зошенкоро тамошо намуданд.
Намоишномаи театрӣ доғу найрангҳои зиндагиро дар худ таҷассум намуда, мавзӯи нафс ва фиреб ва оқибатҳои ногувори он таҷрибаи талхи ҳаётӣ маҳсуб меёбад, ки дар хислати персонажҳо хело зинда инъикос гардид.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки намоишномаи «Ҷиноят ва ҷазо»-ро ҳунарманди тоҷик Абдукарим Машрапов ба муҳити тоҷикона мувофиқ намуда ба саҳна гузоштааст. Ва ҳунармандони ҷавони Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ образҳои мазҳакаро бо маҳорати баланд, таъсирбахш иҷро намуданд. Тамошои асар ҳар бинандаро ба андеша водор месозад. Камбудиҳоеро дидан мумкин аст, ки ҳарҷанд камаҳмият бошанд ҳам сарнавишти инсонро тобиши дигар медиҳанд.
Даъвати раис аз ҷониби муфаттиш барои пурсиш аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ ба ҳайси шоҳид боиси он мешавад, ки наздиконаш ба хотири пул ва дороӣ аз баҳри ӯ бароянд ва манфиати молу мулкиро аз дигар арзишҳо боло гузоранд.
Бо саҳнаҳои ҳаҷвӣ хислати инсонҳои ҳанноту пойбанди нафс, тантанаи ҳақиқат ва ногузир будани ҷазо барои амали чиноятӣ ба маъраз гузошта шуд. Ҳақиқати мавзӯи рӯи саҳна овардашударо дар ҷомеаи имрӯза низ дидан мумкин аст. Намоишнома бо хусусияти таълимӣ-тарбиявӣ ба тамошобинон таассуроти нек гузошт.

24

Ба гуфти роҳбарияти факултети №3 ташкили чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ҷузъи ҷудонашавандаи барномаи таълимӣ буда, метавонад савияи дониши фарҳангии шунавандагонро баланд ва завқи эстетикии онҳоро сайқал диҳад. Аз ин лиҳоз созмон додани чунин муҳити тарбиявиро дар Академияи ВКД зарур мешуморанд.
Акбар Шарифов, Шавкат Убайдуллоев




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2309

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика