Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таҳсил фаро гирифтани 19 нафар ҷавон

Аз инҳо 4 нафарашон тарбиятгирандагони мактаб-интернат барои кудакони бепарастор, 1 нафар комилан ятим, 2 нафар аз оилаҳои маъюб ва 13 нафари дигар фарзандони кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошанд, ки ҳангоми иҷрои вазифа ба ҳалокат расидаанд.

Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин ҷавонон тамоми шароити майишӣ, ҷойи хоб, хӯрду хӯрок, сарулибос, маводи таълимию варзишӣ ва омӯзишӣ дар сатҳи баланд таъмин карда шуда, барои нигоҳубин ва парастории онҳо омӯзгорони махсус сафарбар карда шудаанд, то онҳо эҳсоси ниёзмандиву бекасӣ накунанд.

Мо баварӣ дорем, ки ин ҷавонон дар ояндаи наздик ҳомиёни воқеии марзу буми Ватани азизамон гардида, барои оромиву осоиштагӣ, таҳкими истиқлолият ва боз ҳам ободу зебо гардидани ин кишвари биҳиштосо саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

Асадуллоев М.,

Гулова М.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun1006

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика