Биё, ай Соли нав бо хушлиқоӣ,
Туро бо орзуҳо мепазирем.
Ҳумоюн бошу рангину фараҳбахш,
Туро бо қалби зебо мепазирем.
Биё, ай Соли нав некуқадам бош,
Ба рӯи дидаи мо муҳтарам бош.
Зи сулҳу рушноиву фараҳҳо.
Ба чашми аҳли олам нурҳо пош.
Ба истиқлоли мо шамсу зиё шав,
Ба сози миллати мо ҳамнаво шав.
Мунаввар кун вуҷуди зиндагиро,
Сафобахши замину кибриё шав.
Биё, ай Соли нав соли саодат,
Бубар аз рӯи олам дарду зиллат.
Набинад одаме ранҷу аламро.
Фазояд дар ҷаҳон шодиву шуҳрат.
Муборакқисматему некфолем,
Дигар аҷдоди халқи бахтиёрем.
Ба дил меҳру ба ҷони пурсадоқат,
Барои халқи худ хидматгузорем.
Офоқ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>