Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭҲСОСИ ВАТАНДОРӢ

214Шояд миёни тамоми эҳсосоте, ки дар ниҳоди мо, инсонҳо, ҷойгоҳи хос дорад, наҷибтаринаш эҳсоси ватандорӣ бошад. Эҳсосе, ки мо имрӯзҳо баробари соҳибихтиёр гаштанамон беш аз ҳар вақти дигар ба доштани он ниёзмандем. Меҳру муҳаббат ба Ватан нахуст дар чаҳордевори хонавода шаклу сурат мегирад ва баъдан дар доираи иҷтимоӣ рушду камол меёбад. Эҳсос наҷибтарин ҳиссиёте мебошад, ки қодир аст шахсро ба сӯйи эҳёи Ватан раҳнамун месозад.

Дар бузургию арҷу манзалат Ватан-модар бо ҳам баробаранд ва касе, ки нахустин бор ин ду мафҳумро канори ҳам гузоштааст, зеҳни равшану дидаи дурбин доштааст. Эҳсоси ватандорию ватандӯстӣ бо василаҳои гуногун дар ниҳоди ҳар як инсон хурӯҷ мекунад. Ҳангоми дидани манзараҳои зебои кишвар, шунидани Суруди миллӣ, фаҳмидани муваффақиятҳои кишвар дар самтҳои гуногун ва ҳоказо аз қабили онҳо мебошанд. Яке аз воситаҳои муҳими барангезандаи эҳсоси ватандорӣ ин Парчами давлатӣ шуморида мешавад. Ҳангоми назари шахс ба парчам эҳсоси ватандорӣ ба миён омада, шахсро дар ҳолати ҳисси ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва муҳаббат қарор медиҳад. Садоқат ва нерӯмандӣ аз қабили ҳиссиёте мебошанд, ки ҷомеаи мо ба онҳо ниёз доранд. Онҳо танҳо бо дидану доштани парчам ва дигар василаҳое, ки дар боло зикр кардем, ба миён меоянд.
Ҳар халқияте, ки хусусиятҳои давлатро касб мекунад, барои шинохти миллату давлати худ дар арсаи ҷаҳонӣ унсурҳои муайянеро мегирад. Парчам, ки намоёнтарини онҳо мебошад, мақсад ва хусусиятҳои худро дошта, гузашта ва дурнамои давлатро инъикос мекунад. Воқеан, парчам муаррифгари давлат буда, ҳамоҳангкунанда ва сарҷамъкунандаи миллат мебошад. Парчам ба қалбҳо ғурур ва нури умедро ба ояндаи нек зуҳур мебахшад. Мақоми парчам дар зеҳни шаҳрвандон бояд то андозае арзишманд бошад, ки дар ҳар бори дидани он масъулиятро эҳсос намоянд. Чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳбудии Ватан камари ҳиммат бастааст. Бетарафӣ ва бетафовутиро ихтиёр накунанд ва гоми муассирро дар тарбияи ватандорию ватанпарастӣ гузоранд. Барои дарк намудани моҳияти парчам аз таърихи худ бохабар будан лозим аст. Мо танҳо дар он сурат моҳияти парчамро дарк карда метавонем, ки дар дил эҳсоси ватандорию ватанпарастиро ба вуҷуд орем.
Таърих гувоҳ аст, ки парчам мавқеи аввалиндараҷа дошта, дар размҳои байни давлатҳо афтидани парчам ба дасти ҳариф мағлубият шуморида мешуд. Бинобар ин, имрӯз, ки дар зери ливои парчам ҳаёти осуда ба сар мебарем, ба қадри ин бояд расид. Шаҳрвандон ҳар куҷое, ки бошанд, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ, парчам пайвандгари қалбҳои онҳо буда, иртиботи онҳоро бо Ватан нигоҳ медорад.
Машраби ДАВРОН,
Қадриддин ПИРЗОДА,
кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика