Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИФОДАГАРИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

214Ҳар як давлат ба худ муқаддасоти миллӣ дорад. Дар қатори Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ, Парчам низ аз ҷумлаи муқаддасоти давлати мост.

Агар ба таърихи гузаштаамон назар афканем, мебинем, ки парчамдорӣ суннати азалии мо маҳсуб ёфта, нахустин бор Коваи оҳангар парчамдори миллати мо будааст. Минбаъд он ба таври анъана ва дар шаклҳои гуногун такмил ёфт, аммо танҳо як ҳадаф - ифодакунандаи орзую омоли халқи тоҷик аст.
Дар давраи истиқлолияти давлатӣ он ифодагари орзую ормон ва идеалҳои минбаъда ва пешгирифтаи ҷумҳурии тозаистиқлоли мост. Зери ин ливои пуршукӯҳ савганд ёд карда, барои ободии кишвар мубориза бурданро ҳадафи хеш қарор додаем. Намунаи олии чунин қасамёдкунӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмон хос аст. Маҳз ақлу хирад ва матонату мардонагии ин Роҳбари сарсупурда баҳри озодии меҳан рӯҳияи раиятро ба эҳтироми муқаддасоти миллӣ баланд бардошт. Роҳбари давлат бевосита ҳангоми вазъияти басо душвор дар Иҷлосияи 16-уми тақдирсози миллат парчамро бӯсиданду барои ҳамбастагӣ ва якпорчагии миллат қасам ёд карданд. Рафтори ин марди хирад ҳамаро ба ваҷд овард, аз дидагони аксарият ашк ҷорӣ гардид ва ҳамин буд, ки дигарон низ ба ӯ пайравӣ карданд.
Парчам дар тӯли садсолаҳо мардуми моро ба некиву некӯкорӣ, ободкориву сулҳпарварӣ раҳнамун сохтааст. Вақте ба таърихи пурмоҷарои кишварамон назар меандозем, мебинем, ки ҳама барои ҳимояи Ватани азиз саф кашидаву тайёр будани худро ба мудофиаи марзу бум эълон кардаанд. Ин анъана аз давраи кӯҳан то ҳанӯз идома дорад.
24 ноябр - рӯзи Парчами миллӣ эълон гардид ва бо ин санаи муҳими таърихӣ давлати соҳибистиқлолу дунявӣ, демокративу ҳуқуқбунёдамонро бори дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ кардем. Акнун парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидони миллӣ ва умед ба фардои давлати ҷавони Тоҷикистон аст. Ҳоло вақти он расидааст, ки ҳар фарди ҷомеа ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Нишон, Парчам, Суруди миллӣ эҳтироми хосса дошта бошад, зеро ин ҳама инъикосгари ҳаёти осоиштаи мост.
Ҳар гоҳ аз Боғи Парчами шаҳри Душанбе мегузарем, чашмамон ба сутунпояи Ливои парафшони 165-метра мерасад, ки бо шаҳомату шукӯҳаш ояндаи дурахшони моро пеши назар меорад. Дар паҳлӯи он, ҳамчунин Нишони давлатӣ низ пурракунандаи ин нияту ормонҳои миллист. Мо бояд ба ин ҳама дастовард ва муқаддасот арҷгузорӣ намоем. Ба он хотир, ки ин ҳама азнавсозӣ ва пешравиҳо дар кори ҳамарӯзаамон, аз сулҳу суботи сартосарӣ дар Тоҷикистони азиз гувоҳӣ медиҳад.
Имрӯз аз Парчами худ ифтихор дорем ва ҳамеша баҳри он мекӯшем, ки ҳама шогирдон ва умуман, ҳар як фарди ҷомеа рамзҳои онро донад ва дар куҷое, ки бошад, ба мардуми олам муаррифгари ин муқаддасоти миллӣ бошанд. Зеро Парчам ифодагари иқболу истиқлол, шарафу номус, ватандӯстиву ватанпарастист.
Музаффар АБДУЛЛОЗОДА,
раиси Суди н. Фирдавсӣ
Ҷамъахон ҶАМИЛЗОДА,
корманди дастгоҳи ҳамин суд




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2309

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика