Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешво

Азизи ҷону ҳам ҷаҳон, азизи дидаҳои мо,

Ва беҳтарини меҳтарону ҳадяи Худои мо.
Ба қалбҳо нишастааст, умеди садҳазорҳо,
Салоҳи мо, виқори мо, саодату сафои мо.

Қудуми пурмуҳаббаташ, ки гул ба бор медиҳад,
Ҳазор қалби хастаро руҳи баҳор медиҳад.
Ва шукр, шукри неъмате, ки ифтихори миллат аст,
Ба қалби пуршарорааш умед бор медиҳад.

Чу дар замини қалби мо зи ҳиммати ҳазори худ,
Нишонда аст дарахти меҳру қудрату барори худ,
Ва дасти рӯи синааш нишонаи вафои ӯст,
Ба мардуму ба кишвараш ба мулки файзбори худ.

Ба Пешвои миллатам, чу насли сарфароз ман,
Шарофатам, садоқатам, нишон диҳам ба ифтихор.
Ҳазор ҷон маро бувад, кунам фидои роҳи Ӯ,
Қасам ба номи миллатам! Қасам ба хоки ин диёр!

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика