Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба 85-солагии таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар навбати худ назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар  самтҳои мушаххасе амалӣ карда мешавад, ки дар алоҳидагӣ самтҳои мазкур моҳияти асосии фаъолияти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхторро ташкил медиҳанд.

Тибқи муқарарроти санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии амалкунанда, ки фаъолияти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхторро ба танзим медароранд, самтҳои асосии фаъолияти он инҳо мебошад:

  1. Фаъолияти назоратӣ дар иншооти хоҷагии халқ ва маҳаллаҳои аҳолинишин;
  2. Фаъолияти меъёрӣ - техникӣ вобаста ба риояи талаботи зидди сӯхтори меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва азнавсозии иншооти таъиноти гуногун;
  3. Фаъолияти маъмурӣ - ҳуқуқӣ;       
  4. Фаъолияти тақҳиқотӣ аз рўйи ҳодисаҳои сӯхтор;
  5. Фаъолияти тарғиботию ташвиқотӣ оид ба омӯзонидани аҳолӣ ва коргарону хизматчиён бо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор;
  6. Кор бо созмонҳои ҷамъиятӣ - Дастаҳои идоравии оташнишонӣ ва комиссияҳои оташнишонӣ -техникӣ;

Бо мақсади васеътар омӯхтани фаъолияти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, самтҳои асосии онро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор медиҳем.

Фаъолияти назоратӣ бо мақсади таъмини риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар тамоми иншооти хоҷагии халқ ва маҳаллаҳои аҳолнишин амалӣ карда мешавад. Он дар шакли санҷишҳои вазъи бехатарӣ аз сўхтор, ки дар асоси талаботи қонунгузорӣ ва мувофиқи нақшаҳои корӣ гузаронида мешаванд, ба амал бароварда мешавад. Санҷишҳои мазкур ба муфассал, назоратӣ ва фаврӣ ҷудо шуда, вобаста ба таъиноти иншоот ва дараҷаи оташхатарнокии он дар марҳилаҳои гуногун гузаронида мешаванд.

Мақсади гузаронидани санҷишҳои вазъи бехатарӣ аз сӯхтори иншооти хоҷагии халқ аз як тараф ошкор ва бартараф намудани он камбудиҳое мебошад, ки дар давоми фаъолияти иншоот ба миён омадаанд. Аз ҷониби дигар бошад, дар рафти гузаронидани санҷишҳои вазъи бехатарӣ аз сӯхтор, шахси мансабдори мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, дар баробари ошкор намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба роҳбарияти иншоот иҷрои маҷмӯи чорабиниҳои профилактикиеро пешниҳод менамояд, ки дар сурати ба амал омадани сӯхтор, раванди хомӯш намудан ва  бартарафсозии оқибатҳои ногувори онро то ҳадди имкон содда мегардонанд. 

Агар аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши муфассал ба маъмурияти иншоот барои иҷроиш амрномаи мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор пешниҳод карда шавад, пас ҳангоми санҷиши назоратӣ аслан рафти иҷроиши чорабиниҳои пешниҳодшуда мавриди санҷиш қарор дода мешавад. Вобаста ба натиҷаҳои санҷиши назоратӣ нисбати роҳбарияти иншоот ва дигар шахсони масъул, ки дар иҷрои ӯҳдадориҳояшон доир ба таъмини бехатарӣ аз сӯхтор саҳлангорӣ зоҳир намудаанд, дар доираи ваколатҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, ки тибқи қонунгузории амалкунанда пешбинӣ гардидаанд, тадбирҳои дахлдор татбиқ карда мешаванд.           

Фаъолияти меъёрӣ-техникӣ вобаста ба риояи талаботи зидди сӯхтори меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва азнавсозии иншооти таъиноти гуногун самти асосии фаъолияти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ба ҳисоб меравад.

Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани самти зикргардида шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхторро зарур аст, ки фаъолияти худро дар заминаи ҳамкориҳои мустаҳкаму судманд бо ташкилоти лоиҳакашӣ ва пудратӣ ба роҳ монанд.

Зеро, ҳанӯз дар марҳилаи лоиҳакашӣ ва мавриди баррасӣ қарор гирифтани лоиҳаи сохтмони иншоот, кормандони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор лоиҳаи пешниҳодгардидаро санҷида, ҳалҳои меъмории аз тарафи лоиҳакаши иншоот қабулшударо бо талаботи зидди сӯхтори меъёру қоидаҳои сохтмонии амалкунанда муқоиса менамоянд.

Дар сурати муайян намудани ҳолатҳои риоя нагардидани талаботи мазкур, дарҳол аз муаллифи лоиҳа бартараф намудани камбудии роҳдодаро талаб кардан зарур аст. Танҳо баъди пурра ислоҳ гардидани камбудиҳои ҷойдошта ва ба талаботи зидди сӯхтори меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ҷавобгӯ будани он, лоиҳаи сохтмон, таҷдид ва ё азнавсозии иншоот аз тарафи мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор мувофиқа карда мешавад.

Ҳангоми мувофиқасозии лоиҳаҳо, ғайр аз муқоиса намудани он ба меъёрҳои амалкунанда, шахси мансабдори мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхторро лозим аст, ки ба фармоишгар, намояндагони ташкилоти лоиҳакашӣ ва пудратӣ дар доираи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ иҷрои як қатор чорабиниҳои зиддисӯхториро пешниҳод намояд. Масалан, дар ҳолатҳои зарурӣ пешбинӣ намудани роҳу баромадгоҳҳои иловагӣ, насби насосҳои баландкунандаи фишори об дар қубури зиддисӯхтории дохили бино, вобаста ба ҳаҷми иншоот пешбинӣ намудани манбаҳои оби оташнишонии берунӣ, таъмин намудани бино бо воситаҳои   автоматикии   аз   сӯхтор   воқифкунанда, бо рӯшноии садамавӣ таъмин намудани роҳраву баромадгоҳҳо ва ғайраҳо он чорабиниҳое мебошанд, ки дар марҳилаи лоиҳакашӣ ва сохтмони иншоот бояд ҳалли худро ёбанд. То ин ки ҳангоми мавриди истифодабарӣ қарор гирифтани иншоот ва ба амал омадани ҳодисаи сӯхтор, мушкилоти иловагӣ ба миён наоянд.

 

Фаъолияти маъмурӣ-ҳуқуқии назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар асоси талаботи қонунгузории амалкунанда, аз он ҷумла, кодексҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ ба амал бароварда мешавад.

Ин самти фаъолият механизми маҷбуркуниеро ташкил медиҳад, ки аз тарафи қонунгузор ҷиҳати таъмини риояи талаботи қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор пешбинӣ гардидааст. Яъне, мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар сурати муайян намудани ҳолатҳои вайрон кардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор, дорои ваколатҳое мебошад, ки бо истифода аз онҳо метавонад, роҳбарияти иншоот ва дигар вайронкунандагони қоидаҳои амалкунандаро бо таҳдиди татбиқ намудани чораҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта маҷбур созад.

Дар баробари ин, бояд қайд кард, ки назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор мақомоти таъқибкунанда набуда, мақсади асосӣ ва ягонаи фаъолияти он аз амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуши сӯхтор иборат аст. Танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ва ошкор намудани далелҳои дағалона вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, ки метавонанд боиси ба амал омадани оқибатҳои ногувор гарданд, назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор аз ваколатҳои қайдшуда истифода мебарад.

Таҷрибаи корӣ нишон медиҳад, ки аксаран ин чораи маҷбуркунӣ натиҷаҳои дилхоҳ дода, роҳбарони иншоот баъди нисбати онҳо татбиқ намудани чораҳои маъмурӣ, монанди ҷалб намудан ба ҷарима ба маблағҳои гуногун дар самти таъмини бехатарӣ аз сӯхтори иншоот тадбирҳои заруриро меандешанд. Пас хулоса кардан мумкин аст, ки фаъолияти маъмурӣ-ҳуқуқии назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ба беҳтар гардидани вазъи бехатарӣ аз сӯхтори иншоот ва риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор мусоидат менамояд.              

Фаъолияти таҳқиқоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ муайян карда шудааст.

Аз рўйи ҳамаи ҳодисаҳои сӯхторе, ки ба амал меоянд, мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор санҷиш гузаронида, дар ҳолатҳои аз тарафи қонунгузор муайяншуда фаъолияти  таҳқиқотӣ мебарад.

Мақсад аз гузаронидани санҷиш оид ба ҳодисаҳои сӯхтор, қабл аз ҳама муайян намудани сабабҳои ба амал омадани сӯхтор, шахсони гунаҳкори он ва қабул намудани қарори қонунӣ мебошад. Дар сурати дар амалҳои шахсони гунаҳкор ҷой доштани аломатҳои таркиби ҷиноят, аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рўйи тобеияти тафтишотӣ ба мақомоти дахлдор ирсол карда мешавад.

Бояд илова намуд, ки ба ғайр аз муайян намудани сабаб ва шахсони гунаҳкор, санҷиши ҳодисаҳои сӯхтор дар муайян намудани самтҳои муҳими фаъолияти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор вобаста ба вазъияти фаврии ба амаломада низ нақши босазоеро мебозад. Зеро дар асоси таҳлили ҳодисаҳои сӯхтори ба амаломада аз рӯйи сабабҳо, объектҳои баамалоӣ, вақт, тобеияти идоравӣ ва ғайраҳо чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ иловагӣ таҳия мегарданд, ки бевосита баҳри пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор равона карда мешаванд. 

Инчунин, маҳз дар натиҷаи таҳлилҳое, ки дар рафти таҳқиқи  ҳодисаҳои  сӯхтор ба даст меоянд, мутасаддиёни хадамоти давлатии оташнишонӣ метавонанд маҷмӯи чорабиниҳои пешгирикунандаи амалиеро таҳия намоянд, ки дар оянда боиси коҳиш ёфтани шумораи сӯхторҳо гардад. Масалан, дар як давраи муайян рўй додани ҳодисаҳои сўхторе, ки бо сабаби истифодабарии асбобҳои маишии барқии истеҳсоли ин ва ё он ширкати хориҷӣ сар задаанд, бештар ба назар мерасад. Дар ин сурат, хадамоти давлатии оташнишонӣ дар асоси далелҳои асоснок метавонад ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ вобаста ба манъ намудани воридоти чунин таҷҳизоти бесифати ба стандарти давлатии Тоҷикистон ҷавобгӯ набуда, таклифу пешниҳодҳои худро манзур намояд.

Дар ҷабҳаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтори иншооти хоҷагии халқ ва маҳаллаҳои аҳолинишин фаъолияти тарғиботию ташвиқотии назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор мавқеи назаррас дорад.

Маҳз тавассути фаъолияти дурусти тарғиботию ташвиқотӣ, ки дар заминаи ҳамкориҳои судманд бо воситаҳои ахбори омма, аз қабили радио, телевизион, матбуоти даврӣ бо роҳи омода ва пешкаши аҳолӣ гардонидани навору гузоришҳо ва чопи хабару мақолаҳои мухталиф амалӣ карда мешавад, метавон дар пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва оқибатҳои нохуши он ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардид.

Бешубҳа, ҳангоме ки шаҳрвандон ва ё шахсони мансабдори иншооти хоҷагии халқ мунтазам тариқи воситаҳои ахбори омма аз оқибатҳои ногувори ин ва ё он ҳодисаи сӯхтор воқиф мегарданд, кӯшиш мекунанд, ки дар манзилҳои истиқоматӣ ва иншоотҳояшон камбудиҳои дар самти таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ҷойдоштаро бартараф намоянд.

Самти дигари фаъолияти тарғиботию ташвиқотӣ омӯзонидани аҳолӣ бо қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор дар ҷойҳои зисташон ба ҳисоб меравад. Дар сурати барпо намудани робитаҳои мустаҳками корӣ бо намояндагони    хоҷагиҳои манзилӣ-коммуналӣ ва шўроҳои маҳаллаҳо, гузаронидани сӯҳбату вохўриҳо бо сокинони маҳаллаҳо ва дар байни онҳо паҳн намудани воситаҳои аёнии тарғиботӣ метавон ба паст рафтани шумораи сӯхторҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин мусоидат кард.

Ба ҳамин монанд, гузаронидани минимумҳои оташнишонӣ-техникӣ ва сӯҳбату дастурамалҳои дахлдор бо коргарону хизматчиёни иншооти хоҷагии халқ низ дар самти таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор ва таъмини риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор аз манфиат холӣ нахоҳад буд.     

Кор бо созмонҳои ҷамъиятӣ – Дастаҳои идоравии оташнишонӣ ва комиссияҳои оташнишонӣ-техникӣ низ аз самтҳои асосии фаъолияти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ба шумор меравад.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 1995 таҳти №726 Низомнома «Дар бораи дастаҳои идоравии оташнишонӣ ва комиссияҳои оташнишонӣ-техникӣ» тасдиқ карда шудааст.

Низомномаи мазкур тарзу усулҳои ташкил намудани созмонҳои ҷамъиятии мазкур, ҳуқуқу вазифаҳо, таъминоти иҷтимоӣ, молиявӣ ва ғайраҳоро муқаррар намудааст.

Дастаҳои идоравии оташнишонӣ ва комиссияҳои оташнишонӣ-техникӣ аз зумраи он созмонҳои ҷамъиятие ба шумор мераванд, ки дар сурати дуруст ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти онҳо, дар симои ин созмонҳо ташкилотҳои мададгореро ёфтан мумкин аст, ки дар таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор ва таъмини риояи талаботи қонунгузории амалкунанда марбут ба бехатарӣ аз сӯхтор ҳиссаи босазои худро хоҳанд гузошт.

Барои ин, қабл аз ҳама намояндагони мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор бояд, ки ба роҳбарияти иншооти хоҷагии халқ дар ташкил намудани Дастаҳои идоравии оташнишонӣ ва комиссияҳои оташнишонӣ-техникӣ кӯмаки бевоситаи худро расонида, бо аъзоёни созмонҳои мазкур вобаста ба омӯзиши вазифаҳои хизматиашон машғулиятҳои алоҳидаро гузаронанд.

Имрӯзҳо дар кулли ҷузъу томҳои хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳурӣ нарасидани воҳидҳои корӣ, бахусус нозирони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор баръало эҳсос карда мешавад. Дар аксари минтақаҳои кишвар, алалхусус ноҳияҳои дурдаст, нозирони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор имконияти  ба  қадри зарурӣ  дар  амал татбиқ намудани фаъолияти худро надоранд. Ин омил бешубҳа дар таъмини бехатарӣ аз сӯхтори иншооти хоҷагии халқ ва маҳаллаҳои аҳолинишин таъсири манфии худро мегузорад.

Аз ин лиҳоз, зарурати беш аз пеш ба таври густурда ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд байни назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ва созмонҳои ҷамъиятии зикргардида ба миён омадааст.

Барои ин, шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхторро зарур аст, ки вобаста ба гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ бо аъзоёни дастаҳои идоравии оташнишонӣ ва комиссияҳои оташнишонӣ-техникии иншооти хоҷагии халқ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Инчунин дар робита бо маъмурияти иншоот ва мақомотҳои иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо масъалаҳои таъмин намудани созмонҳои мазкур бо маводҳои тарғиботии аёнӣ, таҷҳизотҳои махсус ва воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишониро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ҳалли ниҳоии онҳо мусоидат намоянд.

Агар ба зиммаи дастаҳои идоравии оташнишонӣ омодабошии доимӣ вобаста ба таъмини бехатарӣ аз сӯхтор, саривақт ошкор намуда, ба хадамоти давлатии оташнишонӣ расонидани хабар оиди сӯхтори ба амаломада ва мусоидат намудан дар раванди хомӯш кардани он вогузор шуда бошад, пас вазифаи асосии комиссияи оташнишонӣ-техникӣ ин амалӣ намудани назорати доимӣ аз болои риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, мақсаднок истифода бурдан ва дар ҳолати коршоямии доимӣ нигоҳ доштани манбаъҳои об ва воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ ба ҳисоб меравад.

Иҷрои вазифаҳои мазкур танҳо дар сурати ҳамкорӣ кардан ва дастгирӣ ёфтан аз тарафи мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор имконпазир хоҳад буд.

Ҳамин тариқ, самтҳои асосии фаъолияти мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхторро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, бори дигар боварӣ ҳосил намудем, ки ҳар як самти фаъолияти он дар ниҳояти кор ба рафъи мушкилоти кормандони бахши  сўхторхомўшкунӣ равона гардидааст.

Яъне, фаъолияти бахши сӯхторхомӯшкунии хадамоти давлатии оташнишонӣ бевосита аз сифати фаъолияти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор вобастагӣ дорад. 

Дар ҷамъбаст бармегардем боз ба сари мавзӯи баҳсӣ, ки кадоме аз самтҳои фаъолияти хадамоти давлатии оташнишонӣ – бахши сўхторхомўшкунӣ ё назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор пояи асосии ин хадамот ба шумор меравад?

Бигузор ҷавоби ин суолро худи кормандони амалӣ муайян намоянд.

Зеро муҳим он нест, ки кадом аз самтҳо пояи асосии хадамот ба ҳисоб меравад. Муҳим он аст, ки пайи иҷрои ӯҳдадориҳои вазифавиамон дар таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳаёту саломатии онҳо ва эмин нигоҳ доштани моликияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ қувваю воситаҳои ҳар ду самтро якҷоя карда, дар рушду инкишофи Давлати тозабунёди тоҷикон софдилона ва беғаразона меҳнат намоем. Ана ҳамин омил метавонад боиси болоравии обрӯю эътибори хадамоти давлатии оташнишонӣ гардида, эътимоду боварии халқи Тоҷикистонро ба мо – кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ афзун намояд.       

Танҳо ҳаминро мехоҳем қайд намоем, ки хадамоти давлатии оташнишонӣ, ки имсол 85-умин солгарди таъсисёбии онро ҷашн хоҳем гирифт, мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ (Китоби С.Ш.Ғаюров «Таърихи оташ ва оташнишонони Тоҷикистон», Душанбе, нашриёти «Ирфон», соли 2007») дар ибтидо бо Қарори Кумитаи Марказии иҷроияи Шӯрои комиссарони халқии Ҷумҳурии мухтори шӯравӣ-сотсиалистии Тоҷикистон аз 30 июли соли 1928 дар шакли «Назорати давлатии бехатарӣ» таъсис ёфта, то ҳол ин рӯз ҳамчун рӯзи таъсисёбии хадамоти давлатии оташнишонӣ таҷлил карда мешавад.

Толиб Ҳаётов, Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД ҶТ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun1006

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика