Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АЗ ИН ВАТАНӢ, БИДОН КИ СОҲИБВАТАНӢ…

200

Бегоҳии рӯзи 10-уми октябри соли равон бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба Рӯзи «Фалак» ва арафаи истифодадиҳии агрегати 1-уми Нерӯгоҳи Барқи Обии «Роғун» консерти идона баргузор гардид.

201202204205203

Дар он роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, кормандони милитсия бо аҳли оилаашон, аъзои гурӯҳи ҷавонони «Авангард» ва аҳли ҷомеа иштирок намуданд.
Сарояндагони маҳбубу шинохта Қурбоналӣ Раҳмон, Файзалӣ Ҳасан, Сангалӣ Мирзоев, Афзалшо Шодиев, Абдулхайри Мумин, Фахриддини Малик, Олими Ҷумахон, инчунин ҳунармандони ансамбли «Сипар»-и ВКД ва дигарон бо суруду таронаҳои ватандӯстонаи саршор аз меҳру муҳаббат ва ишқу саодат хотири хозиринро шод гардониданд.

206

Дар хотима аз номи роҳбарияти ВКД ба аҳли ҳунар барои баргузории барномаи консертии хушу хотирмон дастагули зебо тақдим гардид.

Наврӯз ҶОБИРОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика