Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандони милитсия дар меҳмонии театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов

282

Кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва ҷузъу томҳои он дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар намоишномаи асари Турахон Аҳмадхонов «Карим-девона»-ро тамошо карданд.
Карим Девона (номи аслиаш Абдукарим Қурбон) шоири халқи тоҷик, соли 1878 дар деҳаи Ҷурраки Ҳисор ба дунё омадааст. Ба деҳқонӣ ва бофандагӣ машғул буда, бо шеърхои худ ҳамеша ҳукуматдорони замонашро рӯирост танқид карда ва мардумро ба мубориза зидди ноадолатӣ даъват менамуд.
Ман наям «Девона», номамро Карим бинҳодаанд,
Лек аз дасти замона мекунам девонагӣ.
Эй фақирон, як шавед бо ҳамдигар билиттифоқ,
Чӯбу санг оред бар фарқи сари миру иноқ.
Ҳунармандон бо як ҳиссиёти баланд намоишномаро, ки аз зиндагиномаи шоир қисса мекард, пешниҳоди меҳмонон гардониданд. Кормандони мақомоти милитсияи вилоят аз тамошои намоишнома таассуроти зиёд бардоштанд.

283284

Роҳбарияти раёсат ба тамоми ҳунарпешагони театр барои нишон додани ҳунари волои худ ва таъсирбахш бозидани нақшҳо арзи сипос намуд.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика