Бахшида ба рӯзи Забон, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2012 аз соли 2009 инҷониб бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад, дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ бо Раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Додихудо Саймиддинов ва устодону шунавандаҳои Академияи мазкур баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ профессор Додихудо Саймиддинов дар бораи мақоми давлатӣ гирифтани забон, аҳамият ва моҳияти он, тоза ва беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ баромад намуда, изҳор кард, ки забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, онро муқаддас ва пос мебояд дошт. Дар хотима, байни шунавандагону устодон ва Раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Додихудо Саймиддинов саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиёни вохӯрӣ аз сӯҳбат бо мавсуф як ҷаҳон таассуроти нек ва лаззати маънавӣ бардоштанд.
Шобадалов А. лейтенанти милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>