Сипас сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД полковники милитсия Бароталӣ Ҳомидов табрикоти Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимовро ба кормандони ХДО расонида, ба онҳо дар кору фаъолияти пурмасъулу заҳматталабашон муваффақиятҳо орзу намуда, кору фаъолияти ҳамарӯзаи онҳоро шоистаи таҳсину офарин арзёбӣ намуд.
Собиқадорони соҳа низ дар баромадҳои худ аз давраҳои гуногуни ташкилёбии хадамоти оташнишонӣ ва саҳми арзандаи кормандони он дар ҳифзи саломативу ҳаёти одамон ва моликияти хусусиву давлатӣ аз сӯхтор суханронӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба оилаҳои кормандони ҳалокгардидаи ХДО, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони ХДО ва собиқадорони соҳа тӯҳфаҳои қиматнок ва маблағи муайяни мукофотпулӣ супорида шуданд. Кормандони фаъоли соҳа бошанд бо ифтихорномаву нишонҳои сарисинагӣ сарфароз гардонида шуданд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>