Саҳми мавсуф дар гузаронидани таҳқиқи калонтарин ҳодисаҳои сӯхтор хеле назаррас мебошад. Аз ҷумла, ҳангоми таҳқиқи ҳодисаҳои сӯхтори бозори калони ноҳияи Ҷ.Румӣ, ки 1 майи соли 2011 рух дода буд ва «Бозори Фаровон»-и шаҳри Қурғонтеппа, ки моҳи феврали соли равон ба амал омад, Маҳмадулло Абдуллоев бо истифода аз донишу малакаи баланди касбии худ дар ҳамкорӣ бо дигар бахшҳои дахлдори ХДО ВКД тавонист, ки дар кӯтоҳтарин муддат сабаб ва гунаҳгорони ҳодисаҳои ба амал омадаро муайян намуда, дар асоси талаботи қонунгузории амалкунанда, чораҳои дахлдор қабул намояд. Ӯ ҳар рӯзу соати зиндагиро ғанимат дониста, барои иҷрои босифати баланду сари вақтии масъулияти ба дӯш доштааш заҳматҳои зиёд мекашад.
Ин инсони хоксор ва ҳалим барои хизматҳои шоёнаш дар мақомоти корҳои дохилӣ борҳо аз тарафи роҳбарияти СХДО ВКД бо раҳматномаву нишонҳои сарисинагӣ сарфароз гардонида шудааст.
Маҳмадулло Абдуллоев мегӯяд:
- Ифтихор аз он дорам, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ, махсусан дар Шӯъбачаи таҳқиқи Шӯъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, кору фаъолият мекунам. Чунки кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ доим дар ҳолати омодабош қарор дошта, дар ҳифзи саломативу ҳаёти одамон ва моликияти хусусиву давлатӣ аз сӯхтор саҳми арзанда мегузоранд. Ва ин заҳматҳои шабонарӯзии онҳо шоистаи таҳсин аст.
Ба ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ осмони софу хонаи обод мехоҳам. Бошад, ки дар фазои кишварамон фақат дуди кабоб ба димоғи шаҳрвандон расад, на дуди ғализ аз сӯхтор.
Кароматулло Абдуллоев
Толиб Ҳаётов
СХДО ВКД ҶТ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>