Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳфили шеърхонӣ

337

Доир намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ дар ВКД ба ҳукми анъана даромада, бо ташаббуси бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ пайваста ҳайати шахсӣ ба театру кино ба таври дастаҷамъона сафарбар мегарданд. Ҳамчунин дар чорабиниҳои фарҳангии ВКД ҷавонони фаъол, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ҷалб гардида, барои ҳавасманд гардонидани онҳо бо тӯҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда мешаванд.

338339340

Рӯзи 10-уми августи соли 2018 дар боғи навтаъсиси кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе бо ташаббуси рохбарияти ВКД маҳфили фарҳангӣ-фароғатии шеърхонӣ доир гардид. Дар чорабинӣ кӯдакону наврасон, ҳайати шахсии Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД ва ҷавонони фаъоли «Авангард» иштирок намуданд.
Чорабиниро сардори Маркази матбуоти Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ оғоз бахшида, оид ба таваҷҷӯҳу ғамхории роҳбари Давлат ба ҷавонон ва кӯдакону наврасон изҳори андеша намуд.
Чорабинӣ бисёр хотирмон ва ҷолиб сурат гирифта, кӯдакону наврасоне, ки шеърхонӣ намуданд, аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин ба ҳамаи иштирокчиёни наврас шириниҳо тақдим карда шуд.

341342

Чорабинии консертии ансамбли «Сипар»-и ВКД ба маҳфили шеърхонӣ ҳусни дигар зам кард.
Дилшод Холов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика