Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳафтаномаи писандида

Яке аз сифатҳои фарқкунанда нисбат ба дигар ҳафтаномаҳо аз он иборат аст, ки ҳафтаномаи "Қонун ва ҷомеа" дар саҳифаҳои худ гӯшаи адабӣ ташкил кардааст, ки шеърҳои кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон, шуарои муосир, панду андарзҳои гузаштагонамонро чоп мекунад. Дар баробари ҳамаи ин дар саҳифаҳои кроссворд, чайнворд, муаммо, Чайн-криптограмма хуб мешуд номи кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон, ки хизматҳои арзанда карда, ҷони худро барои Ватани азиз нисор кардаанд, саволномаҳо ҷой дода мешуд.

Ҳамчунин, бисёр хуб мешуд, ки обунаи ҳафтанома дар байни шаҳрвандон низ ташкил карда шавад, зеро дар маҳалҳо (ман маҳаллаи худро дар назар дорам), доир ба ҳафтаномаи "Қонун ва ҷомеа" аксар тасаввурот надоранд. Дар ҳафтанома доир ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи фарзанд, дар бораи ҳаёти иҷтимоии шаҳрвандон мунтазам маводҳо чоп мешаванд, ки барои тафаккур ва ҷаҳонбинии шаҳрвандон аҳамияти аввалиндараҷа доранд.

Аз ҷумла, дар мақолаи "Дилдодаи касб"-и У.Олим аз 7-уми марти соли 2013 омадааст:

"Шӯълаи меҳри хизматчии мақомоти корҳои дохилӣ шудан ҳанӯз дар замони наврасӣ, ҳангоми мутолиаи китобҳои бадеӣ, ки дар онҳо порчаҳо аз ҳаёту фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ оварда мешуданд, дар қалби ӯ афрӯхта гардид".

Аз ин ҷумла бармеояд, ки шавқи касб дар давраи наврасӣ ба вуҷуд омадааст. Аз ин рӯ, хуб мешуд дар баъзе маводҳои тарҷумаиҳолӣ дар бораи кормандони соҳа, номи омӯзгорони накӯноми мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ дар мавридаш баён карда мешуд, яъне чун устоди аввалин.

Дар охир дар бораи ҳафтаномаи "Қонун ва ҷомеа" гуфтаниам, ки кормандони эҷодии он ҳамеша саломату сарбаланд бошанд. Аксари онҳо соҳибситора мебошанд, ситораи бахт болои сарашон ҳамеша дурахшон бошад!

Шариф Исматӣ, собиқадори маориф аз ш. Панҷакент




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun1006

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика