Модар, фариштатинати ман, меҳрубони ман,
Оҳанги сад умеди ману достони ман.
Меҳрубон
Модар - баҳор мисли ту зебо аст,
Ҳарчанд меҳрбориву яктоӣ.
Ман аз сафои ҳусни ту менозам,
Ҷонам ҳалоки ин ҳама зебоӣ.
Он сабзае, ки сар бикашад ором,
Бар миҷаҳои чашми ту мемонад.
Ҳам булбуле ба шохи гуле бо завқ,
Афсонаҳои ишқи ту мехонад.
Дар осмони рушани бахти ман,
Аз хандаи лабони ту хуршед аст.
Оғӯши гарму нарми туро хоҳам,
Зеро, ки ошёнаи умед аст.
Модар баҳор бӯи туро дорад,
Ҷонам ҳавои кӯи туро дорад.
Дил роҳат аз нумӯи ту меҷӯяд,
Чашмам хумори рӯи туро дорад.
Модар
Модар, маро дар оғӯши гармат панаҳ бикун,
К-аз сахтии ҷаҳони фиребо шикастаам.
Пирам чу мӯйҳои сафеди ба ғам тарат,
Чун мардумони чашми намат ғусабастаам.
Дар бенавоиҳои шаби ҳасратам ба субҳ,
Ёди садои аллаи ту зинда дорадам.
Дастам бигиру дар дили танҳоиям намон,
К-оҳанги синасӯз ба ҳолам гузорадам.
Гарчи миёни ранҷи ману мо нишастаем,
Бо лутфи худ намой заволаш, ки доварӣ.
Оёти покии нафасам аз дуои туст,
Андешапарвариву азизиву дигарӣ.
Қурбони меҳри роҳнамоят, азизи ман,
Хуршеди бар сарам, ки маро хандаат бас аст.
Он охирин нафас, ки сари ҳар дуои туст,
Баҳри мани фитода ба поят муқаддас аст.
Офоқ Қодириён
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>