Кист модар?
Он ки файзу офият бахшид,
Бо фузуданҳову бо дарку шикастанҳо,
Рӯи роҳи зиндагӣ рахшид.
Кист модар?
Пайкаре, ки дардро нашнохт,
Ҷисмҳои нав ба дунё дод,
Сӯхт, аммо зиндагиро сохт.
Кист модар?
Он ки рӯзу шаб нафас бишмурд,
То саҳар шабзиндадорӣ кард,
Қиммати худ то бар фалакҳо бурд.
Кист модар?
Чилчароғи ошёни мо,
Меҳрпардозу вафоовар,
Роҳбону роздони мо
Кист модар?
Синаи раҳмаш бақои умр,
Як фаришта, як азизи дил,
Кадхудои хонадони мо, ҷонфидои умр,
Модари мост.
Оре, оре, модари мост,
Модари ғампарвари мост.
Он, ки моро тарбият бахшид,
Аввалин устоди умри мо,
Аввалин африштаи зебо.
Дар каломаш лутфу раҳмат буд,
Поку ширин бо муҳаббат буд.
Дар сурудаш дарки шафқат буд.
Аллаҳояш мисли номаш то абад зебост,
Бебаҳои мост.
Бо ҳавас бар рӯи мо хандид
Роҳ рафтанро ба мо омӯхт,
То ба каҷроҳӣ наандешем,
Пойандози шарофат дӯхт.
Қиссаи мардонагиро хонд,
Дар ҳавои ишқи Меҳан,
Ҳам навои хушмуродиро,
Бо нигоҳи меҳр созиш дод.
То ҳақиқатро пазируфтем.
Модари раҳдури зебоям.
Чашм бар роҳ асту танҳо аст.
Мо пайи дунёву дилбозӣ,
Модари мо гарқи ғамҳо аст.
Бо дуои хайру ӯ шодем,
Сарбаланду хонаободем.
Кист пас модар?
У магар бахшандаи мо нест,
Саҷда дорад ҳар замон бар Кирдугори хеш,
То амон бошем,
То набинад дарди фарзанди азизашро,
Нашъа мегирад ҳам аз Парвардигори хеш.
Мо чӣ кардемаш?
Мо магар андар вафояш бовафо будем?
Як нафас бо ҷони зораш ҳамнаво будем?
Ё ба дардаш марҳаме аз лутф бахшидем?
Рӯи пурожанги ӯро нек бӯсидем?
Вакти аз дунё гузаштан, бачаам мегуфт,
Сӯзиши ӯро ҷавобе буд?
Дар сари гураш дуо гуфтем?
Рӯи хонаш шамъ афрӯхтем?
Шояд, оре, шоядам не,
Ҳар чӣ кардемаш ба қадри ҳимматаш кам буд,
Як муҷалло, поктинат, як муаззам буд.
Кист модар?
Он, ки файзу офият бахшид.
Пайкаре, ки дардро нашнохт.
Рӯи роҳи зиндагӣ рахшид.
Қиммати худ то фалакҳо бурд.
Модари ғампарвари мо буд.
Офоқ Қодириён.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>