Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки минбаъд китобҳоро мувофиқ ба талаботи хонандагон ҳам ба таври ройгон ва ҳам ба таври харидорӣ намудан ба фонди китобхона ворид намояд.
Бо огоҳ гардидан аз ин иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зиёда аз 26 номгӯ китоб ба забони тоҷикӣ ва 20 номгӯи дигар ба забони русӣ, ки дар маҷмӯъ 168 ададро ташкил менамоянд, ба Китобхонаи миллӣ тӯҳфа намуд. Китобҳои эҳдошуда мувофиқ ба дархосту пешниҳодоти хонандагони китобхона буда, доир ба ҳуқуқ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ҳамчунин, китобҳои адабие мебошанд, ки метавонанд дар тарбияи маънавӣ-эстетикии ҷавонон саҳми арзанда гузоранд.
Хусусан, китобҳои дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» нашрҳои солҳои 2012, 2014, 2015 ва 2017 (муаллиф Рамазон Раҳимзода), «Сиёсати зиддикоррупсионӣ», «Ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ», «Мурофиаи ҷиноятӣ», «Илми дақиқ дар кори сӯхтор» ва дигар китобҳои марбут ба соҳа, ки дастаҷамъона аз ҷониби олимони Вазорати корҳои дохилӣ навишта шудаанд, ба китобхона ворид гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки китобҳои дар боло номбаршуда талаби замон буда, аз ҷониби муштариёни китобхона ҳамарӯза дархост карда мешаванд. Китобҳои зикршуда баъд аз коркард ва ҷойгир намудан дар феҳристҳо ба гӯшаи китобҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон интиқол дода шуда, мавриди истифодаи хонандагон қарор дода мешаванд.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода дар суҳбат бо мо зикр намуд, ки «Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки минбаъд китобҳоро мувофиқ ба талаботи ҳаррӯзаи хонандагон ба таври ройгон ва ё ба таври харидорӣ намудан ба фонди китобхона ворид намояд. Дар ин иқдоми нек ВКД саҳми худро гузошт ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар оянда барои дар якҷоягӣ баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ ва воридоти китобҳо ҳамкориро бо ВКД ва дигар вазорату кумитаҳо ба хотири анӣ гардонидани фонди китобхона, ки ганҷинаи маънавии миллат маҳсуб мегардад, хубтару беҳтар ба роҳ мемонад».
Ба иттилои масъулини Китохонаи миллии Тоҷикистон рӯз то рӯз сафи хонандагони китобхона афзоиш ёфта, талабот ба адабиёти соҳаи тиб, ҳуқуқ, фарҳанг ва дигар китобҳои тозанашр афзоиш ёфтааст. Аз ин рӯ, бо роҳҳои гуногун ворид намудани китобҳои мавриди ниёзи хонандагон дар оянда яке аз самтҳои асосии фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>