Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошои дастаҷамъонаи филми бадеӣ дар кинотеатри «Зебиниссо»

102

Тамошои барномаҳои театрикунонида ва кинову филмҳои хусусияти тарбиявидошта ба шахс руҳу илҳоми тоза бахшида, ҷаҳони маърифат ва фарҳангу маданияти ҷавононро ғанӣ мегардонад.
Бо дарки ин мафҳум бо ташаббуси Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, ҳафтаи сипаришуда ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» ва 150 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди пойтахт ба кинотеатри «Зебиниссо» барои тамошои филми бадеӣ ҷалб гардида, ба таври дастаҷамъона ба тамошо омаданд.
Филмномае, ки аз ҷониби ҳунармандони кинои тоҷик таҳти унвони «Кин» пешкаши тамошобинон карда шуд, саропо панду ҳикмат буда, ҷавононро ба ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ҳурмату эҳтироми падару модар ва муносибати хуб бо атрофиён даъват менамуд. Хонандагон ва ҷавонони фаъол бо рӯҳи болида ба филми мазкур таваҷҷуҳ намуда, аз тамошои он як ҷаҳон маънӣ бардоштанд.
Чунин тасмими роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро аъзоёни гурӯҳи «Авангард» ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Душанбе хуб пазируфта, изҳор доштанд, ки чунин ташаббусҳо бештар ба роҳ монда шавад, то ҷавонон дар баробари бо якдигар аз наздик ошно гардидан, сатҳи маърифат ва фарҳангу маданияти хешро боло бардоранд.
Дилшод Холов, нозири гурӯҳи матбуотии
ХПҲНҶ ВКД




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика