Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парвози навои мардумӣ

130

Сабринаи Мирзо ҳунарманди ҷавону бистеъдод мебошад, ки бо навои мардумӣ, бо дутор ва овози сеҳрангезаш дили ҳазорон мухлисонро тасхир кардааст. Сабринаи Мирзо аз овони кўдакӣ ҳанўз дар мактаби бачагонаи мусиқии шаҳри Роғун бо истеъдоди фавқулоддаи хеш омўзгоронро ба ҳайрат оварда буд. Ў бо маҳорати баланд дутор менавохт, сурудҳои халқӣ месароид, рақс иҷро мекард ва ҳато асарҳои мурракаби бастакорони ғарб Мотсарт ва Бетховенро дар фортепиано бо маҳорати баланд иҷро менамуд. Ин натиҷаҳои меҳнату талоши Сабрина буд, ки ў дар озмуни ҷумҳурявии Андалеб соли 2014 бо маҳорати баланд суруди«Ватан»-ро сароид, соҳиби 10-хол гардида,барандаи ин озмун гардид. Устодони санъат ба ў баҳои баланд дода ба вай тавсия карданд, ки ба консерваторияи миллй дохил шавад, аммо дили Сабринаи ҷавон аз кўдаки баробари санъат ба кору пайкори милитсия майл менамуд, ин орзу ҳавас уро ба даргоҳи Академияи ВКД ҶТ овард, Сабрина бо супоридани имтиҳонҳо бо баҳои хубу аъло соли 2016 курсанти курси якуми факултети №2 Академияи ВКД гардид. Дар баробари таҳсил бо баҳои хубу аъло соли дуюмаст, ки Сабрина бо истеъдоди хеш дар ҳамаи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, шаҳрй бо маҳорати баланд ширкат дорад. Дар озмуни шаҳри сарояндагони шаҳри Душанбе бахшида ба соли ҷавононон ширкат карда. соҳиби ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомали гардид.

131

Сабрина дар жанри таронаҳои мардумӣ ва эстради сурудҳои бисёреро сабт намуда, ба тамошобинон пешкаш намудааст. Мавзуи асосии эҷоди ў ба ватан, модар, бахшида шуда ба шеърҳои шоирон Ниҳони ва Азиза Давлатшоева_оханг баста, истеъдоди оҳангсози низ дорад. Дар фаъолияти эҷодиаш шогирдон аз қабили Азимзода Масрур, Солиева Дилхоҳ, Бобишозода Дилхох ва даҳхо дигарон дар шогирдии худ гирифта, дар эҷоди санъати мардуми тарбия намудааст. Сабринаи Мирзо ҳунари худро бо консертҳои сайёр ба сокинони кишвар дар ш. Кулоб, ноҳияи Балҷувон, н. Сари-Хосор, н. Файзобод, ш. Душанбе пешкаш карда, мухлисони зиёдеро ҷамъ намудаст.
Роҳбарияти ВКД ва Академияи ВКД истеъдоди Сабринаро дасгири намуда ҳамкориҳои ўро бо ансамбли Сипари ВКД, шабакаҳои телвизиони ба роҳ мондаанд. Сабрина соҳиби чунин диплому сипосномаҳо гашта, бозҳам пайваста эҷод менамояд. Ў аллакай ба даври дуюми озмуни «оҳанги ҷавони» ворид гашт.

132

Сабринаи Мирзо, орзу менамояд, оҳанг месозад, суруд месарояд, вале шавқи ў ба касби милитсия боло мегирад ва дар андешаҳои хеш иброз медорад, ки баъди хатми Академияи ВКД ба ҳайси муфатиш ба халқу Ватан хизмат хохад кард.
Ба Сабринаи Мирзо парвози баланди ҳунари мардмиро таманно дорем.
Асламов Б.С.
Убайдуллоев Ш.Э.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика