Ва Сарқонун бувад худ Шоҳи қонунҳову раҳбар баҳри озодӣ
Ва Сарқонун бувад худ шоҳроҳи бахт, асоси рушди ободӣ.
Ҳуқуқбунёду соҳибихтиёрему ягона дар тамоми арсаи дунё
Ва ҳам демокративу дунявӣ бошад ҳаёти иҷтимоии Ватан моро.
Ва Сарқонун калому муҳтавову маъниву ҳам рамзи ин давлат
Ва Сарқонун бувад озодии мардум, мароми халқу ҳам миллат,
Ҳуқуқ, озодии инсон кафил аст, ин Санад бас бебаҳо бошад,
Ҳаёти шаҳрвандон ҳифз мегардад, адолатро бақо бошад.
Ва Сарқонун баёни рамзҳо: Парчам, Нишону Гимни миллат ҳаст,
Ва Сарқонун каломи раҳнамову ҳам низоми халқу давлат ҳаст.
Бувад ҳокимиятро мутлақо маълум се шоха дар ин кишвар:
Мақоми судию иҷроия, қонунгузорӣ - се нишони ҳомию довар.
Салоҳи Парлумони мо муайян гашту шуд бо ин Санад тасдиқ,
Мақоми Нозиротӣ эътирофу эътимоди Судҳо тадбиқ.
Накардан дахли ирсолу ҳаёту маҳрамии манзили инсон,
Ва Қонун андар тамоми интихоботи Ватан ҳатмӣ бувад яксон.
Тавону қударату фазлаш бигашта дарҷ андар ин Санад афзун
Ва Сарвар шуд кафили Сулҳу Истиқлолу Ваҳдат, амну Сарқонун.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>