Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намоишномаи «Кавсан» пешкаши кормандони милитсия гардид

Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи санъати театрӣ ва ба ин восита, баланд бардоштани фарҳангу маънавиёти ҷомеа имкониятҳои васеъро фароҳам овардааст.
Театри тоҷик аз ҷиҳати гузориш ва баррасии проблемаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқиву тарбиявӣ чун оина ба халқ хизмат намуда, баҳри иҷрои рисолати аслии хеш кӯшиш ба харҷ медиҳад. Гуфтан мумкин аст, ки нақши театр дар ҳаёти маънавии ҷомеа калон мебошад. Драматургони тоҷик имрӯз асарҳои худро дар асоси воқеаҳои рӯзгору зиндагӣ дар рӯҳияи тарбиявӣ эҷод намудаву дар баланд бардоштани сатҳи маънавии мардум нақши босазо мегузоранд.

Ба таври мисол, ҳафтаи сипаригардида дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ драмаи иҷтимоӣ дар мавзӯи доғи рӯз бо услуби "Тамошо андар тамошо", аз рӯи асари драматурги тоҷик Ҷумъа Қуддус пешкаши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ гардонида шуд. Ин намоиш, ки ба "Соли ҷавонон" бахшида шуда буд, порагириву ришваситониро, ки ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, фаро гирифт. Драма характери иҷтимоӣ дошта, бо номи "Кавсан" ба тамошобинон пешниҳод карда шуд. Дар он ҳунармандони ҷавон маҳорати худро нишон дода, аз замони Пётри I ва шоҳ Комбиз дар қиёс ба имрӯзи ҷомеа мисолҳо оварда шуд, ки чӣ гуна бо порагирӣ ва ришваситонӣ мубориза мебурданд.
Боиси зикр аст, ки пас аз тамошои чунин намоишномаҳо тамошобин ба саволҳои худ посух ёфта, нигоҳ ва тафаккури худро тағйир ва рушд медиҳад.
Наврӯз ҶОБИРОВ, София ШОИКОВА




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика