Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хонандагон дар меҳмонии театри «Ҷавонон» ба номи М.Воҳидов

Рӯзи 15-уми октябри соли 2017, бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар театри «Ҷавонон» ба номи М.Воҳидови пойтахт намоиши "Модар маро бубахшо" бо иштироки зиёда аз 300-нафар хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимоти миёнаи умумии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон» доир гардид.

Пеш аз сар шудани намоиши театрӣ сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб оид ба таърихи пайдоши театри тоҷик бо хонандагон сӯҳбат карда, изҳор дошт, ки ин гуна намоишҳо ҷиҳати баланд бардоштани маънавиёти насли ҷавон, тарбияи онҳо дар руҳияи меҳанпарастӣ, ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» Мардихудо Давлатов баромад намуда, зикр кард, ки «театрро оинаи зиндагӣ мегӯянд ва барҳақ он оинаест, ки ҳаётро бо ҳама баду некаш, барору нобарориҳояш рӯ ба рӯ инъикос мекунад ва мактаби бузурги худшиносию худогоҳист».

Тавре дар сӯҳбат бо мо Бухоризода Мансур Ғоиб иброз дошт, «вақте, ки намоиши театрии "Модар маро бубахшо"-ро дар театри ҷавонони ба номи М.Воҳидов бо иштироки хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимоти миёнаи умумии ноҳияи Сино тамошо мекардем, як чиз диққати маро ба худ ҷалб кард, ки чи қадар метавонад ин намоишнома ба мафкураи хонандагон таъсир расонад. Азбаски ин қабил тамошобинон дар айёми гузариши синну соли худ қарор доштанд ва баъзан лаҳзаҳои ин намоишнома хандаи кӯдаконаи онҳоро меовард, вале аз рӯи мушоҳида ин қабил бачаҳо 30 фисади тамошобинонро ташкил медод ва боқимонда ба мазмуни намоишнома сарфаҳм рафта, афсӯс мехурданд, ки як нафар талабаи мактаб, ки чӣ қадар орзую ҳаваси хондан дар ояндаро дошт, гирифтори нашъамандӣ мегардад. Фикр мекунам, ки ҷалби хонандагон ва ҷавонон ба намоишномаҳои театрӣ саривақтӣ мебошад».
Намоишнома таҳти кафкӯбиҳои зиёди тамошобинон хотима ёфта, дар ташаккули фитрӣ ва инсонии хонандагон таъсири амиқ ва мусбат хоҳад расонид.
Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика