Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрики соҳибҷашн

Имрӯз (01.04.с.2013) сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазонов Сӯҳроб Кароматуллоевич зодрӯз дорад. Соҳибҷашнро Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бахшида ба рӯзи мавлудаш табрику муборакбод намуда, ба ӯ барору комёбиҳо ва дар фаъолияти хизматиаш натиҷаҳои назаррас таманно намуд.

Мавсуф дар мақомоти корҳои дохилӣ дар вазифаҳои гуногун, аз он ҷумла, муфаттиш-криминалисти шӯъбаи назоратӣ методии Раёсати тафтишотии ВКД, муфаттиши Шӯъбаи тафтиши ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадори Раёсати тафтишотии ВКД, сардори шӯъбачаи шаҳрии милитсия ШКД-и ноҳияи Шоҳмансури РКД-и шаҳри Душанбе ва Сардори ШКД хати фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе дар РВКДН ҶумҳурииТоҷикистон фаъолият намудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика