Имрӯз (03.10.с.2017), дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон конфронси илмӣ – адабӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Умри забон ба умри миллат вобаста аст» бо иштироки олимон, шоирон ва ҳайати шахсии Раёсат баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро муовини сародори Раёсат подполковники милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин ҳусни оғоз бахшида, бо такя ба гуфторҳои Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад» даъват ба амал овард, ки дар шароити имрӯза забон яке аз унсурҳои асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ буда, пас аз гузаштани қарнҳо ҳувияти миллӣ ва давлатии худро тақвият бахшида, чун забони илму адаб ва фарҳанги ғании тоҷикон аҳамияти ҷаҳониро соҳиб гаштааст.
Аз ин хотир Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар ҳанӯз соли 2010 гуфта буданд, ки «Умри миллат ба умри забон вобастааст» ва «Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд».
Дар навбати худ шоир Амиршоҳи Хатлонӣ аз боби манзалати забони ноби тоҷикӣ бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намуда, иброз дошт, ки гузаштагони мо танҳо ба хотири донистани забон ва арҷ гузоштан ба он бо ашъори хеш оламро такон доданд.
Рустами Тағоймурод-дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Н. Хусрав дар суханронии худ оиди мақоми забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ ва зарурату роҳҳои пурмашаққати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ибрози назар карда, бори дигар ба маҳбуб доштани Ватан ва арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ даъват ба амал овард.
Зикр гардид, ки мардуми тоҷик бояд пеш аз ҳама эҳсос кунад, ки забон дар қатори дигар муқаддасот яке аз нишонаҳои ҳастии миллат аст.
Кормандони мақомоти милитсия низ доир ба ҳифзу нигоҳдошти забони модарӣ, яъне забони тоҷикӣ баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.
Ҳадаф аз баргузори чунин конфронсҳо ва таҷлили Иди забон ин асосан нигоҳ доштани покизагӣ ва асолати забон, густаришу инкишофи он ва баланд бардоштани сатҳу мақоми он мебошад.
Офоқ Қодириён
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>