Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавлуд муборак!

Имрӯз (26.03.2013) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар ҳузури аъзоёни Мушовара ва сардорони Раёсатҳои мақомоти корҳои дохилӣ сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Зоиров Ҷӯрахон Маҷидовичро бахшида ба зодрӯзаш табрику муборакбод намуда, ба ӯ дар фаъолияти пурсамараш барору комёбиҳо таманно намуд.

Соҳибҷашн - Зоиров Ҷӯрахон Маҷидович то ба ин вазифа таъин шуданаш дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз он ҷумла, муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёти ВКД, сардори Раёсати таҳқиқи ВКД, намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар қаламравии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ифои вазифа намуда, дар рушду тараққиёти мақомоти милитсия ва дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ нақши арзанда гузоштааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика