Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тараннуми наврӯзӣ

Муждаи бозомади фасли баҳор,

Ҳар замон, ҳар лаҳза, ҳар дам мерасад.

Мурғи ишқам боз бо ёди чаман,

Дар фазои осмони нилгун.

Болафшон сайри наврӯзӣ кунад,

Гашта масти чангу тору арғунун.

Мерасад бо набзи оби ҷӯйбор,

Пайки наврӯзӣ зи ҳар дашту даман.

Булбули шӯрида бо оҳу фиғон,

Ашк резад рӯйи гулҳои чаман.

Олами ҳастӣ ҳамеояд ба шӯр,

Қалбҳо дар сина лабрези фараҳ.

Ошиқон дар ишқи маъшуқ шеъргӯй,

Ҳамнишин бо бодаву ҷому қадаҳ.

Марди деҳқон роз гӯяд бо замин,

Бо умеде дона дар он кошта,

Аз худо хоҳад фаровонии ризқ,

То тавонад ҳосиле бардошта.

Токи дастурхони мо бошад ғанӣ,

Аз ҳама анвои хӯрдан тӯли сол,

Токи бошем хурраму болидарӯ,

Некбахту некрӯзу некҳол.

Амирӣ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика