Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ин рӯзи фирӯзӣ бувад аз давраи Ҷамшеди ҷам

Дар китоби дини зардушти - Авасто низ дар бораи иди Наврӯз суханони зиёд оварда шудааст. 

Наврӯз дар якҷоягии ду калима, маънои рӯзи навро дорад. Наврӯз соли нави  форсзабонон ба шумор рафта, дар 21-22-юми моҳи марти солшумории мелоди ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз дар яке аз фаслҳои зеботарини сол - фасли баҳор меояд. Аз ин ҷост, ки Наврӯзро иди баҳор ҳам мегуянд.     

Дар Тоҷикистон низ Наврӯзро ҷашн мегиранд. Дар дастурхони идонаи  наврӯзӣ ҳар гуна хӯрокҳо бо номи «ҳафт син» ва «ҳафт шин» мегузоранд, яъне ҳафт хӯрок бо ҳарфи син ва ҳафт хӯрок бо ҳарфи шин. Дар баробари ин тоҷикон дигар расму оинҳои худро мегузаронанд. Бештари пажуҳишгарон бар ин назаранд, ки ҳарчанд таҷлили Наврӯз дар даврони Шӯравии пешин дар Тоҷикистон мамнуъ буда, вале ин ҷашн комилан аз миён нарафт, балки дар байни сокинони манотиқи мухталифи ин кишвар Наврӯз ба унвони ҷашни покӣ ва оғози соли нав ҷойгоҳи вижае касб кард ва мардум тавонистанд Наврӯзро ба унвони бахше аз фарҳанг ва мероси ниёгони худ то ба имрӯз ҳифз кунанд.

Пеш аз фаро расидани Наврӯз кӯдакони Тоҷикистон ба баргузории маросими "Гулгардонӣ" ба дигарон пайғом мерасонанд. Ин маросим як ҳафта қабл аз Наврӯз, яъне дар аввалҳои даҳаи моҳи март аз сӯйи гурӯҳҳое аз кӯдакон, ки дар даст гулҳои сиёҳгуш, бойчечак ё наврӯзӣ доранд, иҷро мешавад.

Дар нахустин рӯзи Наврӯз, ки дар Тоҷикистон 21 март аст маросими "Ҷуфтбаророн" сурат мегирад ва ба ин далел аз Наврӯз ба унвони иди Баҳор ва оғози кишту кор барои кишоварзон ном мебаранд.

Наврӯз шуду ба боғу сумбул нигаред,

Чашме, ки кушодаед бар гул нигаред.

Дар табиат ду рӯз аст, ки адолати саросарӣ дар он рӯзҳо барқарор мешавад. Баробарии шабу рӯз дар Наврӯз ва дар тирамоҳ. Вале ҳангоми баробаршавии шабу рӯз дар тирамоҳ табиат рӯ ба торикӣ меорад, аммо дар Наврӯз табиат рӯ ба рӯшноӣ меорад. Ин рӯзи таҳвили сол аст, рӯзе, ки баҳор фаро мерасад. Наврӯз исботи тавозуни зиндагӣ ва табиат, дарки пайванди ҷудоинопазири кори созанда бо гардиши табиат ва нигарониву эҳтиром нисбат ба манобеи табии зиндагӣ аст. Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бури барра (ҳамал) ворид мешавад ва аз ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад.

Дар Тоҷикистон тақрибан ҳар шоир дар васфи Наврӯз шеър гуфтааст, ин мавзӯъ дар маърази таваҷҷӯҳи муҳаққиқони фарҳангшинос низ ҳанӯз аз замони Шӯравӣ қарор дошт. Санаи 25 феврали соли 2010-ум дар иҷлосияи навбатии 64-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи банди 49-уми рӯзномаи он таҳти унвони «Фарҳанги ҷањон» Наврӯзро ҳамчун як ҷашни байналмилалӣ эътироф кард. Лоиҳаи қатъномаро ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи намояндагони Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Эрон, Туркманистон ва Туркия тайёр карда, ба Маҷмааи кулли СММ пешниҳод намуда буд.

Созмони Милал Наврӯзро ҷашни эронӣ хонда, онро чунин муаррифӣ кардааст: «Наврӯз, ки маънояш рӯзи нав аст, 21-уми март, дар рӯзи эътидоли баҳории шабу рӯз тавассути беш аз 300 миллион нафар дар ҷањон ба унвони рӯзи Соли нав таҷлил мешавад». Дар мусаввабаи СММ дар ин бора мехонем, ки Наврӯз тӯли 3000 сол дар манотиқи Балкан, ҳавзаи баҳри сиёҳ, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Ховари миёна таҷлил мешавад.

Ҷашни Соли нави масеҳӣ ба кулли сайёра паҳн шудааст. Ҷолиб аст, ки то ҳол мо соли нави мелодиро ҷашн мегирифтем, акнун кишварҳои дигар ҳам ба мисли мо ду ҷашни соли нав хоҳанд дошт. Миллатҳои гуногун дар рӯзҳои мухталиф соли навро ҷашн мегиранд, вале дар Наврӯз табиат воқеан нав мешавад ва дуруст аст, ки ин ҷашн ҷаҳонӣ бошад. Ин амр барои мо, мардумони форсизабон як ифтихор аст. Аз тариқи ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мо - форсҳоро беҳтар хоҳанд шинохт. Баҳри мунтантан таҷлил намудани иди Наврӯзи байналмилалии 2013-имрӯзҳо дар ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ омодагиҳо идома доранд.

Мардуми Точикистон дар айёми Иди Наврӯз хонаро тоза мекунанд ва ба расми дерина қабл аз шурӯъи ид бонуи хона вақте ки хуршед ба андозаи як сари найза боло омад ду ҷорубро, ки сурхранг аст ва дар фасли тирамоҳ аз кӯҳ ҷамъоварӣ кардаанд ва то ҷашни Наврӯз нигаҳ доштаанд, дар пеши хона рост мегузоранд, чун ранги сурх барои ин мардум рамзи некӣ, пирузӣ ва баракат аст.

Пас аз тулӯи комили хуршед, ҳар хонаводае мекӯшад, ҳарчи зудтар васоили хонаро ба берун оварда як порчаи сурхро болои дари вурудии хона биёвезанд, ки ин маънии ҳамон рамзи некӣ ва хушии айёми солро ифода мекунад. Дохили хонаро мураттаб карда ва бо кушода кардани дару тиреза ба навъе ҳавои наврӯзӣ ва баҳориро, ки муътақиданд омили баракат ва шодӣ аст, вориди хона менамоянд.

Дар рӯзи Иди Наврӯз ҳар гуна бозиҳои қадима аз қабили бузкашӣ ва гуштин  гузаронида мешаванд. Шахсоне, ки аз наздикони худ бо сабабе хафа ҳастанд, бо онҳо оштӣ мешаванд.

Наврӯз шуду ҷумла ҷаҳон  гашт муаттар,

Аз бӯи хушу лолаву райҳону санавбар.

Имрӯзҳо дар сар то сари ҷумҳуриямон ва берун аз он ҷашни Наврӯзро пешвоз гирифта истодаанд. Ҳамаи мардум аз омад-омади Наврӯз огаҳ шуда, тайёрӣ мебинанд. Баъзе одамон суманаки баҳорӣ тайёр мекунанд, баъзеҳо ба гулчинӣ мераванд ва дигарон бошанд, хӯрокҳо омода мекунанд.

Вобаста ба ин ҷашни бузург дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он низ имрӯзҳо ташкили семинарҳои илмӣ доир ба таърих ва аҳамияти Наврӯз, мулоқоту вохӯриҳо ва баргузории лексияҳои тарбиявӣ дар бораи анъанаҳои наврӯзӣ ва ваҳдати миллӣ, мувофиқи нақша, ҷараён доранд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ ва дар маҷмӯъ кулли мардуми шарифи ҷумҳуриро бо фарорасии иди бостонии байналмималӣ-Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, барояшон бахту саодат, зиндагии осуда, файзу баракати наврӯзӣ ва сарсабзиву комёбиҳо орзу менамоем.

 Нафаси тозаи Наврӯз, муборак бошад,

Дӯстон, фасли дилафрӯз, муборак бошад!

Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика