- Шеър моли мардум аст ва имрӯз мо бояд дар вуҷуду ҳастии мардум эҳсоси меҳандӯстиву ватанпарастӣ ва муҳаббати бепоён ба он пешравию музаффарият ва муваффақиятҳоеро, ки тӯли 26 соли соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик ба даст овардааст, бо шеър ва асарҳои публистистиву бадеӣ ҷой кунем. Зеро бузургтарин воситаи ба ҷанбаи таърих сабт намудани дастовардҳои миллат ин шеър аст, - иброз намуд сардабири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шарифи Ҳамдампур дар маҳфили адабие, ки рӯзи 7-уми сентябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ин чорабинии хотирмон баҳри баланд бардоштани завқу шавқи ватандӯстӣ бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо иштироки доираи васеи адибону шоирон ва рӯзноманигорон, инчунин аъзои ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» доир гардид.
Дар он шоирони шинохта ва навқаламон шеърҳои тозаэҷоди худро қироат намуданд. Инчунин, ансамбли «Сипар»-и ВКД бо сурудҳои тараннуми мавзӯи истиқлолу хештаншиносӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд.
Ҳамзамон маросими супурдани Ҷоизаи “Шеъри Истиқлол” баргузор гардид, ки чанде пеш ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо мақсади дастгирии шоирон ва тарғиби адабиёти ноб бахшида ба 26-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин озмунро эълон намуда буд.
Мувофиқи талаботи озмун шеърҳои ба озмун пешниҳодшуда бояд мавзӯи Истиқлолият ва дастовардҳои ватани азизамон дар замони соҳибистиқололиро инъикос намоянд.
Мувафиқи иттилои кумитаи тадорукоти озмун он аз 25 июли соли равон шурӯъ гардида, то 1-уми сентябр идома ёфт.
Ин озмун дар худ шеърҳоеро, ки ба мавзӯъҳои Истиқлолият, хизматҳои Пешвои миллат дар рушду нумӯи давлатдорӣ ва дастоварҳои кишвар бахшида шуда буд, фаро гирифт. Дар озмун аз навқаламон сар карда, то шоирони касбӣ иштирок намуданд.
Дар умум, барои шеъри худро пешниҳод намудан 50 шоир иштирок намуд, аммо ба озмун 37-тои онҳо роҳ ёфтаанд.
Ҳамин тавр, ғолиби ҷойи аввал шоир Гулназар дониста шуда, бо Ифтихорнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуд.
Мақоми дуюмро бошад, Муҳаммад Ғоиб соҳиб гардида, бо Ифтихорнома ва 2 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид.
Шоир Ниҳонӣ бо шеърҳои ватандӯстонаи худ сазовори ҷойи сеюм гардида, бо Ифтихорномаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва 1000 сомонӣ мукофотонида шуд.
Инчунин, ба шоирони дигар, Давлати Раҳмониён, Мирзо Рустамзода ва Искандари Раҳмон барои иштироки фаъолашон дар озмун Ифтихорномаҳо супорида шуд.
Дар охир «Шаҳкитоби Истиқлол», ки шеърҳои ба озмун пешниҳодгардидаро дар бар мегирифт, муаррифӣ гардид.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>