Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили «Рӯзи табибони тоҷик»

Рӯзи 17-уми август бахшида ба Рӯзи кормандони тиб дар Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсат чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини аввали сардори раёсати мазкур подполковники хизмати дохилӣ Исматулло Шарипов оғоз намуда, қайд кард, ки ҳамасола 18-уми август дар ҷумҳурии мо ҳамчун рӯзи кормандони тиб қайд карда мешавад.

Агар ба таърихи тибби халқи тоҷик назар афканем, мебинем, ки дар ин соҳа табибони барҷаста, олимону нависандагони бузурги халқи тоҷик амсоли Абӯалӣ ибни Сино дар тамоми ҷаҳон шӯҳратёр гардида, аз худ ба наслҳои оянда мероси гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд, ки китобу асарҳои таълифнамудаи онҳоро дар донишгоҳу донишкадаҳои тиббӣ меомӯзанд.
Мавсуф аз номи роҳбарияти Раёсати тиббии ВКД, ҳайати шахсии ин раёсат, кормандони ҷузъу томҳои он ва тамоми кормандони соҳаи тибро бо ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуд.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби ҳайати шахсии Раёсати тиббӣ саҳнае аз ҳаёт ва саргузашти Абӯалӣ ибни Сино бо номи «Табибу бемор» ва озмуни «Беҳтарин ҳамшираи тиб» пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Озмуни «Беҳтарин ҳамшираи тибб» бо иштироки се даста: дастаҳои «Мадади Сино», «Шифобахш» ва «Шифо» аз рӯйи бахшҳои «Саломнома», «Шеърдонӣ», «Ҳозирҷавобии аъзоёни гурӯҳҳо вобаста ба саволҳои самти фаъолият», «Иҷрои суруд» ва «Омода намудани хӯришҳо» сурат гирифт.
Дастаҳо дар озмун аз худ маҳорати санъаткорӣ, донишмандӣ, ҳозирҷавобиву чолокӣ ва маҳорати кадбонугиро, дар омода намудани хӯришҳо нишон доданд, ки писанди ҳакамону иштирокчиёни чорабинӣ гардид.
Инчунин, дар рафти ин чорабинӣ аз ҷониби аъзои дастаҳо сурудҳои дилнишин садо дода, рақси мавзун намоиш дода шуд, ки аз ҷониби ҳакамони озмун баҳои баланд дода шуд.

Пас аз ба анҷом расидани баргузории даврҳои озмун тамоми нозукиҳои иҷроиши талаботи даврҳо, мӯҳлат ва сифатнокии корҳои баанҷомрасонидашуда ба инобат гирифта шуда, дастаи «Шифобахш» ғолиби озмун дониста шуд.
Дар интиҳои чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони тиб муовини сардори Раёсати тиббии ВКД, ӯ низ раиси Комиссияи марказии ҳарбӣ-тиббии ВКД подполковники хизмати дохилӣ Хайриддин Обиддинзода барои иштироки фаъолона ҷиҳати омода намудани чорабинии фарҳангӣ ба иштирокчиёни фаъол тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Раҷаббек ИЛЁСОВ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика