Имрӯз (13.03.с.2017), зимни баргузории чорабинӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба чанд нафар кормандону омӯзгорон ва курсантони ин муассисаи таҳсилоти касбӣ рутбаҳои навбатӣ ва медалу туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
Сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. дар оғози ҷамъомади пагоҳирӯзӣ аз рӯйдодҳои хотирмони ҳафтаи сипаришуда ёдовар шуда, иброз намуд, ки давоми ҳафтаи гузашта дар ҷумҳурӣ Иди бонувон дар сатҳи хеле баланд таҷлил гардида, дар доираи ин ҷашни умумимиллӣ мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо занону модарон баргузор гардид.
«Дар ин ҳафта Рӯзи матбуоти тоҷик низ қайд карда шуд. Аз ин рӯ, имрӯз ба ин муносибат мо хизмати чанд нафар масъулини чопи нашрияи «Набзи милитсия»-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро бо медали ҷашнии «25-солагии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ намуда, умед дорем ин ҳавасмандгардониҳо, ки бо ташаббусу дастгириҳои роҳбарияти ВКД сурат мегиранд, дар минбаъда ба кори аз ин ҳам беҳтар ба нашр расонидани ягона нашрияи Академияи ВКД таъсири мусбат мерасонанд».
Дар идомаи чорабинии мазкур, ҳамчунин таҳсили курсантон тайи ҳафтаи сипаришуда ҷамъбаст гардида, барои боз ҳам натиҷабахш шудани кори таълиму тарбия дар ин муассисаи таҳсилоти касбии ВКД ба сардорони факултету шуъбаҳо дастуру супоришҳо дода шуд.
Дар интиҳои ҷамъомад бошад, вобаста ба омодагиҳо барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва ба ин муносибат гузаронидани шанбегиву корҳои ободонӣ дар ҳудуди Академияи ВКД низ изҳори назар карда шуд.
Наврӯз Ҷобиров
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>